Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон

 

Имрӯз (15.12.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба мавзӯи «Проблемаҳои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти судӣ, прокуратура, мактабҳои олии ҳуқуқшиносии кишвар ширкат варзиданд.

Маърӯзачиён, аз ҷумла Ёрдамчии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев дар мавзӯи «Ташаккули механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷон Оймаҳмадзода дар мавзӯи «Нақши мақомоти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд», прокурори калони Раёсати назорати иҷрои  қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар, мушовири адлияи дараҷаи 3 Сулаймон Искандарӣ бо мавзӯи «Нақши мақомоти прокуратура дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баромад карданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия сардори факултети №1 Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Нақиб Нозиров дар мавзӯи «Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар тафтишоти пешакӣ», сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, н.и.ҳ., майори милитсия Амиршоҳ Тошев дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд», сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД н.и.ҳ., майори милитсия Акмал Юсуфзода дар мавзӯи «Эътироф ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун принсипи фаъолияти милитсия», профессори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академия, н.и.ҳ., майори милитсия Рифат Юлдошев дар мавзӯи «Доминирование частных и публичных начал в уголовном процессе Таджикистана», дотсенти кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД, н.и.т., майори милитсия Манучеҳр Алимардонов ва асистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шогун Амренова дар мавзӯи «Нақши мақомоти прокуратура дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Конференсияи мазкур ба муносибати якчанд идҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, аз ҷумла 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи милитсияи тоҷик, 25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон бахшида шуд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, кишвари азизамон зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва таъсиси ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифтааст.

Имрӯз, масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз масъалаҳои муҳими илми ҳуқуқшиносӣ ва фазои ҳуқуқии кишвар маҳсуб меёбанд. Бунёди ҳама гуна давлати демокративу ҳуқуқбунёд, бидуни эътироф, таъмин, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконнопазир аст. Ақидаи арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ин санади воломақом ҷавобгӯи талаботҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аст.

Ҳуқуқи инсон имрӯз аз талаботи оддии истифода намудан аз фазилатҳои инсониву табиӣ то ба мафҳуми мураккаби умумииҷтимоӣ инкишоф ёфта, талаботи умумиинсониро оид ба озодӣ инъикос менамояд. Чи тавре маълум аст, баъд аз дарку эҳсоси оқибатҳои мудҳиши ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳифз ва ҳимоя намудани ҳуқуқи инсон аз доираи як шахс, як давлат берун гашта, ба уҳдадории умумиҷаҳонии давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҳамзамон, ҳар кишвар эътироф, таъмин, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бидуни сохторҳои махсуси давлатӣ, яъне мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ намуда наметавонад. Аз ин лиҳоз, нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле муҳим буда, аз таъмини босифати он дуруст ба роҳ мондани фаъолияти чунин мақомот вобастагӣ дорад.

Бинобар ин эътироф, таъмин, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд талаб менамояд, ки  дар ин самт фазои қонуният, боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фароҳам оварда шавад. Муайян ва бартарафсозии проблемаҳои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи афзалиятноки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад.

Дар фарҷоми конференсия миёни баромадкунандагон ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамчунин ҷиҳати тақвият додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт таклифу тавсияҳои судманд пешниҳод гардиданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика