Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба сокинони сарбаланди ВМКБ

237

Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мазкур ва ҷузъу томҳои он боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни сафари хизматӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони милитсия сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу эзоҳ дод.
Зикр гардид, ки муҳтавои Паём васеъ буда, яке аз бахшҳои умдаи Паёми имсола ин эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносӣ зиёд буда, дар баробари ин шароити мусоиди сарзамини мо аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои баланду зебо, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

238

Албатта, ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ хоҳад гардид.
Дар хулосаи ин Паёми муҳим зикр гардидааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.
Бо бовари комил метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастурамали ҳаётӣ барои мардуми мамлакат моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созандаро талаб менамояд.
Мавриди қайд аст, ки дар рафти сафар Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти хизматбарии ШВКД дар ноҳияи Дарвоз ва хонаҳои истиқоматии сохташуда ба кормандони ниёзманди милитсия дар ноҳияи мазкур боздид ба амал овард.
Мавсуф ҳамчунин ба ноҳияи Ванҷ сафар намуда, аз шароити хизматии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар ВМКБ воқеъ дар мавзеи Сурхсангоб ва Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.
Зимни боздид аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматии кормандони милитсия ба масъулини соҳа ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, дар идомаи сафари хизматӣ аз рафти фаъолияти хизматии ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ боздид ба амал оварда, бобати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва боз ҳам зич намудани робитаи милитсия бо аҳолӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамин тариқ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ боздид ба амал оварда, аз рафти хизматбарӣ ва шароитҳои муҳаё гардида барои кормандони милитсия аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳудуди ВМКБ, баланд бардоштани савияи касбии кормандони милитсия ва таҳкими робитаи онҳо бо аҳолӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика