Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипоси сокинони ноҳияи Қумсангир

                                                                                                                        Ба Вазири корҳои дохилии

                                                                                                                        Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                        генерал-лейтенанти милитсия

                                                                                                                        Раҳимзода Р.Ҳ.      

                                               Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир ба маълумоти Шумо мерасонад, ки рўзи 13 майи соли 2014 соати 2-и шаб бинобар сабаби вазидани шамоли сахт ва қатъ гардидани қувваи барқ насосҳои обкашӣ аз кор монда, боиси аз меъёри муқарраргардида баланд шудани сатҳи оби канали «Қумсангир» КС-6 ва рахна шудани соҳили он гардид, ки дар натиҷа 14 адад хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон тамоман вайрон шуда, 56 адад ҳавлиҳои хонаҳои шаҳрвандони шаҳраки «Дӯстӣ», аз он ҷумла ошхонаҳо, анҷомхонаҳо ва дигар иншоотҳои ёрирасон зери об монда, корношоям шуданд.

Барои барқарор намудани соҳилҳои канали об ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, инчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сардори ШВКД дар ноҳия Қумсангир Зикриёев Ҷурахон Гадоевич, ҳайати шахсии ШВКД, кормандони ғайриштатии милитсия ва аҳли ҷамоатчигиро ташкил намуда, сафарбар кард.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдидаро санҷида, онҳоро ба ҷойи бехатар гузаронида, молу мулки онҳоро зери муҳофизат қарор доданд.

Ба шарофати маҳорати баланди касбӣ ва малакаву таҷрибаи бой, ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Қумсангир дар муддати кӯтоҳтарин соҳили канали обро барқарор карда, мардуми шаҳраки Дӯстиро аз офати табиӣ раҳо намуданд.

Аз ҳамин лиҳоз, ба Шумо мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои тарбияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва содиқ будан ба савганди худ, ки таҳти роҳбарии Шумо кору фаъолият мекунанд, миннатдории бепоёни худро изҳор менамоем.

        Бо эҳтиром,

          Раиси ноҳияи Қумсангир                                                                     Х.Раҳмонов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика