Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти дастаҷамъонаи эътиқодмандӣ

Ба Вазири корҳо дохилии         
Ҷумҳурии Тоҷикистон,              
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро       

Мӯҳтарам Вазир!

Пеш аз ҳама агар қобили қабул донед – салому дуруди содиқонаи сокинони нохияи Исфараро, ки ба воситаи номаи мазкур ба қалам дода шудаасту дар айни замон он дар зери дасти Шумо қарор дорад, қабул фармоед.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо - мо ҳам бе ягон шакку шубҳа шукри давру замон, шукри онро мекунем, ки дар чунин давлати тинҷу орому осоишта хушҳолона зиндагӣ ба сар мебарем.

Аз он рӯзе, ки фарзанди тансипару ҷонфидои халқу миллати сарбаланди тоҷику тоҷикистониён, худоназаркарда Эмомалӣ Раҳмон бо хости Худо ҳамчун фиристода ва сояи Илоҳӣ ба сари қудрат омад, Тоҷикистон тинҷу орому осоишта гардидаасту халқи азиятдидааш нафаси тоза мекашад.

Ҳоло зиёда аз 20-сол мешавад, ки ин халқи кӯҳанбунёд бо орзуву умедҳои калону неки Одамӣ қадам сӯи фардои дурахшону ободу манзили зебо ва бахтовари фарзандон мезанад.

 Дар давраи фаъолияти босамари ин марди худодода дар Тоҷикистон дигаргунсозиҳо ва ободкориҳое ба вуҷуд омаданд, ки мислашро таърихи Тоҷикон дар ёд надоранд. 

Тоҷикону Тоҷикистониён ба сатҳу сифати баланди зиндагӣ соҳиб гардида, ба маданияти ибратбахши ҳаётгузаронӣ ноил гардида истодаанд. Ҳар як инсоне, ки соҳиби ақли солим аст, меҳнату заҳмати ҷонфидоёнаи Эмомалӣ Раҳмонро бо чашми бинои хеш дида истодаасту онро дарк накардан ношукрие мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо доимо диққати махсус ва аввалиндараҷа доданро сидқан талаб мекунад.

Махсусан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, алалхусус дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ҷараёни пурҷушу хурӯш ва пурталотуми зиндагӣ ҳар як корманд якҷоя тайёранду қодиранд, ки барои ҳифзи халқу Ватани азизи худ ҷони худро фидо кунанд.

Аз ҷумла, фаъолияти босамари Шумо - мӯҳтарам Вазир намунаи ибрат аст. Ба шарофати кордонӣ ва ҳисси масъулияти баланд доштанатон дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ тинҷиву оромӣ таъмин гардид. Оиди пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, фаъолияти кайҳо фаромӯшшудаи дружинаҳои халқӣ бедор карда шуд. Мардум аз рафтору одоб, хушмуомилагӣ ва муносибати ибратбахши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ розианд.

Мӯҳтарам Вазир, аз Шумо  эҳтиромона ва эътиқодмандона хоҳиш менамоем, ки  изҳори қаноатмандии моро қабул фармоед.    

 Бо эҳтиром ва эътиқоди афзун ба Шумо, сокинони н.Исфара :


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика