Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Диққат! Аз гурӯҳи муташаккили қаллобон эҳтиёт шавед!

23

Ба самъи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» пайдо гардидааст.

Гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ қайд менамояд, ки Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика