Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 3 соли минбаъда озмун эълон мекунад.
Чунин Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ВКД, РВКД дар вилоятҳои МКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъсис дода мешавад.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳрвандон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ метавонанд номзадии худро пешбарӣ намоянд.
Талабот ба номзадҳо:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 21 расидааст, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ва илмӣ дошта бошад.
Шаҳрвандон барои номзад шудан ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба ВКД пешниҳод намоянд:
1) ариза дар бораи аъзо шудан ба номи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) нусхаи шиноснома;
3) нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилот;
4) тарҷумаи ҳол (дастнавис);
5) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
6) ду дона расми 3x4 см.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
1) қарори роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
3) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома ё низомнома).
Ҳуҷҷатҳои номбаршуда аз ҷониби довталабон шахсан бо шиноснома пешниҳод карда мешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 10 ноябри соли 2021
Маълумоти иловагиро вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj) ё аз Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан мумкин аст: тел.987-88-87-00; 93-992-35-35; Шарифзода Хушбахт;
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>