Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли 2021, дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст. Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А.Дониш маҳдуд карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.
РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>