Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон барои таҳсил ба Ҷумҳурии Туркия

1710

Дар доираҳаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия кишвари мазкур қабули довталабонро ба курсҳои омӯзишии давраи солҳои 2021-2026 ба Академияи жандарм ва ҳифзи соҳили Туркия бо ихтисоси бакалавр бо мақсади омода намудани афсарони полис барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд.
Тавзеҳ:
- дипломи бакалавр дода мешавад, ки дорои эквиваленти миллӣ ва байналмилалӣ дар доираи барномаи идораи амният мебошад, инчунин ба донишҷӯ дипломи афсар дода мешавад;
- шахсоне, ки забони туркиро намедонанд, 1 сол ба забономӯзӣ фаро гирифта мешаванд;
- довталабоне, ки шумораи зарурии холҳоро аз тести забони англисӣ ба даст меоранд, аз курси тайёрӣ озод гардида, таҳсилро аз курси аввал шурӯъ мекунанд;
- ҳангоми таҳсил донишҷӯён дар ҷойҳое, ки барои дигар донишҷӯён пешбинӣ шудаанд, ҷойгир гардида, тамоми хароҷот барои ғизо ва зист (ғайр аз нақлиёти байналмилалӣ) аз ҷониби Академияи жандарм ва ҳифзи соҳили Туркия пардохт карда мешавад;
- ҳангоми таҳсил донишҷӯён аз рӯи дастури Низомнома оид ба сарфарозгардонии донишҷӯён ва интизоми Академияи жандарм ва ҳифзи соҳили Туркия амал менамоянд.
Шартҳои қабул:
- ба таҳсил дар асоси озмун баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, то синни 21-сола қабул карда мешаванд;
- донистани забони англисӣ дар сатҳи А-2;
- донистани забони туркӣ дар сатҳи С-1 (довталабоне, ки забони туркиро намедонанд, бояд курси яксолаи омӯзиши забони туркиро гузаранд);
- пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати саломатӣ.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то моҳи майи соли 2021
Маълумоти муфассал бо телефонҳои 227-69-73; 907-88-07-02




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика