Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

628

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи ахбороти Агентии обуҳавошиносӣ аз 22 то 25 ноябри соли равон паст шудани ҳарорати боду ҳаво ва боридани барфу борон дар назар аст. 

Бинобар ин ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон ва ағбаҳо ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш–занҷир, таноб ва дигар лавозимоти заруриро бо худ гиранд. Ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, махсусан ба ҳолати болопӯшӣ чархҳо диққати махсус дода, ҳангоми дидашавандагии нокифоя аз чароғҳои зиддитуманӣ истифода баранд.
Ҳамчунин иловатан тавсия дода мешавад, ки безарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.
Боқӣ ба ҳама роҳи сафед ва бехатарро таманно дорем.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика