Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

 MG_8077

Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2019»

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, инчунин ҳавасмандкунии хонандагони муассисаҳои тахсилоти ҳамагонӣ дар омӯзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тибқи фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №785 б/з аз 15.11.2019, аз 20 ноябр то 28 декабри соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак - 2019»-ро мегузаронад.
Дар Озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид. Маводҳо то 20 декабр ба Кумитаи тадорукоти Озмун пешниҳод карда мешавад.
Ғолибони Озмун санаи 28 декабри соли 2019, ба толори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф карда шуда аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика