Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

 Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари САҲА дар Душанбе ва ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад.

Дар мизи мудаввари мазкур кормандони милитсия аз РВКД дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъол ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию коршиносон иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар пешравию дастовардҳои аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории зичу қавии нозирони минтақавӣ бо аҳолӣ ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика