Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиат ба шаҳрвандон дар рӯзи Иди саиди Қурбон

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонро ба рӯзи Иди саиди Қурбон самимона шодбош намуда, дар зиндагиашон файзу баракат ва осоиши рӯзгорро таманно менамояд.

Дар ин рӯзи саид аз тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд.
Ронандагони муҳтарам, чун дар ин рӯз дар роҳҳо гаштугузори мардум зиёд мегардад, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боэҳтиёт бошед.
Волидони азиз, дар ин рӯз фарзандони худро беназорат нагузоред.
Боқӣ ба ҳама роҳи сафед ва бехатарро таманно дорем.
Идатон муборак ҳамватанони азиз!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика