Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони «Авто-Бону-2019»

Бонувони азиз!177

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 16-уми марти соли 2019, соати 10.00, дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ озмуни «Авто-Бону-2019»-ро баргузор намояд.

Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:
Даври I. «Варақаи боздид» - «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил);
Даври II. Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР»;
Даври III. Рондани автомобил дар Автодром;
Даври IV. «Шарҳи қисмҳои автомобил»;
Давраи V. «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ».
Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои иштирок хоҳишмандон метавонанд, ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика