Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН!!!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи ахбороти Агентии обуҳавошиносӣ рӯзҳои 19 ва 20 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳистон бошад, боридани барфи бошиддат дар назар аст. Рӯзҳои 21 ва 22 декабр бошад, дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ туман ба амал меояд.

Бинобар ин ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари куҳистон ва ағбаҳо ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, суръати ҳаракатро баланд нанамоянд. Ҳангоми дидашавандагии нокифоя аз чароғҳои зиддитуманӣ истифода баранд.
Ба ҳамаи Шумо роҳи сафед ва бехатарро таманно дорем.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика