Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

215Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак - 2018»

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, инчунин ҳавасмандкунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар омӯзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тибқи фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №754 аз 22-юми ноябри соли 2018, Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2018»-ро аз 25 ноябр то 29 декабри соли 2018 баргузор намояд.
Дар Озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд.
Маводҳо то 15 декабр ба Кумитаи тадорукоти Озмун пешниҳод карда мешаванд.
Ғолибони Озмун санаи 29 декабри соли 2018 ба толори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф гардида, аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика