Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилӣ – «Мардумитарин Вазири тоҷик»

 

Имрӯз (14.03.с.2016), намояндаи ҳафтаномаи «СССР» Ҷамила Ҳусейнова ба Вазорати корҳои дохилӣ омада, ҷоизаи «Мардумитарин Вазири тоҷик»-ро бо тӯҳфаи рамзии «СССР» ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро супорид.
Ҷоизаро роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума қабул намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати таҳриррияи ҳафтаномаи «СССР», хусусан ба Сардабири он Сайёфи Мизроб ва кулли хонандагони ҳафтанома изҳори миннатдорӣ намуд.
Қайд гардид, ки ҳафтаномаи «СССР» яке аз маъруфтарин ҳафтаномаҳои кишвар буда, барои рушди фазои иттилоотӣ, ҳақиқатнигорона дарҷ намудани матолиб ва баррасии мушкилоти мардум саҳми назаррас дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳа-озмуни «Мардумитарин Вазири тоҷик кист?» аз санаи 01.12.2015 роҳандозӣ гардида, ба шаҳрвандон имкон дода шуд, ки дар тӯли 3 моҳ аз байни 14 Вазир мардумитарин ва дастрастарин Вазири хешро интихоб намоянд.
Натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоб бошад дар тӯли ин 3 моҳ ҳар ҳафта дар саҳифаҳои рӯзномаи «СССР» дарҷ гардида, паёму навиштаҳои сокинони кишвар дар бораи фаъолияти ин ё он Вазир низ пайваста ба нашр мерасид.
Ба назардошти ҷамъбасти СМС-паёмакҳо ва зангҳои телефонӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гирифтани 2021 овоз дар лоиҳа-озмуни мазкур сазовори ҷои якум гардид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика