Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили Хайрандеш дар Академияи ВКД

Мавсуф инчунин қайд намуд, ки ин маҳфил ба зодрӯзи шоир рост омадааст ва  соҳибҷашнро ба ин рӯзи фараҳбахши умраш аз самими қалб табрику таҳният гуфт. Дар ин лаҳза аз ҷониби роҳбарияти Академия ба шоир тӯҳфаҳои арзанда супорида шуд ва шоир Хайрандеш низ як китоби тозанашри худро бо номи «Тоҷикнома» ба сардори Академия тақдим намуд.

Маҳфилро ҳамчунин қироати шеъри волои Хайрандеш аз ҷониби курсантони Академия ҳусни дигар бахшид. Онҳо шеърҳои дар васфи «Модар», «Тоҷикистон» ва садоқат ба Ватандоштаи ба қаламдодаи шоирро бо дарки баланд ба ҳозирин расонданд.

Дар баробари ин, дар маҳфил сарояндагони ҷавон ҳунарнамоӣ намуда, аз эҷодиёти шоир таронаҳо суруданд ва табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.

Роҳбарияти Академияи ВКД нақша доранд, ки дар оянда низ чунин маҳфилҳоро бо иштироки адибону шоирони тоҷик баргузор намоянд, то ки шавқу завқи онҳоро ба шеър ва мутолиаи китоб зиёд намуда, ҳисси ватандӯстиро дар қалби онҳо бедор намоянд.   

             

София Шоикова, рӯзноманигор.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика