Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ

490

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, огоҳ намудан аз ҳуввияти миллӣ ва таъриху фарҳанги давлатдории миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасон баён гардида буд, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намуда истодааст.

Илова бар ин, дар ин замина бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29.01.2019 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» санаи 6 феврали соли ҷорӣ чорабинии навбатии маърифатӣ-фарҳангӣ дар толори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ташкил ва гузаронида шуд.

491

Мавриди зикр аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳову фарҳангҳо нақши санъати театрӣ ба воситаи пешниҳоди саҳнаҳои ҷолибу беҳтарин ва баландмазмун, ки бозгӯи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту тараққиёти замони муосир аст, дар тарбияи маънавию ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир дорад. Ин аст, ки мақомоти корҳои дохилии пойтахт баҳри рушди ҳаёти маънавии ҷомеа дар шароити муосир, баланд бардоштани маърифатнокии наврасон, тарбияи ин насли ояндасоз дар рӯҳия ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, огоҳ намудани ин қишри ҷомеа аз равандҳои манфии замони муосир ва ҳадафҳои нопоки равияҳои ифротгаро иқдом пеш гирифтааст то хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо ба тамошои намоишномаҳои театрӣ ҷалб намояд.
Дар доираи ин иқдом зиёда аз 250 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Синои пойтахт ба тамошои намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Гумроҳон» сафарбар карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки намоишномаи мазкур ба қалами ҳунарпешаи тоҷик Далер Мирхонов тааллуқ дошта, аз ҳаёти як модаре қисса мекунад, ки фарзандонаш гумроҳ шудаву ба фикру андешаҳои хушунатовари гурӯҳҳои манфиатхоҳ дода шуда, оқибат ба ҳалокат расидаанд.
Воқеан тамошои чунин намоишномаҳои театрикунонидашуда, ки бозгӯи вазъият ва ошкоркунандаи манфиатҳои ниҳонии баъзе аз гурӯҳҳои фитнаангез аст, баҳри тарбияи хештаншиносии ҷавонону ноболиғон нақши калон мебозад.

492

Бояд тазаккур дод, ки таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарвариву бузургдошти арзишҳои миллӣ ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта, давлату ҳукумат мекӯшад то ҷавонону наврасони кишвар бо илму дониш ва маърифати баланди худ муаррифгари давлату миллат бошанд.
Дар ин замина, милитсияи пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон ва маърифату одоби шаҳрдории ин қишри ояндасози ҷомеа дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия




Рӯйдодҳо

  • Сӯхтор дар манзили истиқоматӣ

    Шаби 2-юми июли соли 2020 соати 23:18 дақиқа дар манзили ....

    03.07.2020 10:38
  • Ошкор шудани дуздӣ дар ноҳияи Н. Хусрав

    Нафароне, ки даст ба ҷиноят мезананд, на танҳо обрӯю эътибори ....

    03.07.2020 10:28
  • Мусодираи 14 бех растании бангдона

    Ҳарчанд кишту нигоҳубини зироатҳои дорои моддаҳои нашъадор амали ғайриқонунӣ аст, ....

    03.07.2020 10:25
  • Боздошти нашъаҷалобон

    Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ тасдиқ ....

    03.07.2020 10:22
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Фирдавсӣ

    Рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи ....

    03.07.2020 09:03
  • Боздошти зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ....

    02.07.2020 09:16
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    02.07.2020 09:15
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ховалинг

    Рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    02.07.2020 09:13
  • Сӯхтор дар мағозаи хӯрокворӣ

    Шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи ....

    01.07.2020 17:28
  • Боздошти ду нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи ....

    Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён оиди ....

    01.07.2020 11:47
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика