Имсол мардуми тоҷик 26-умин солгарди Парчами давлатиро дар саросари кишвар бо дастовардҳои назаррас таҷлил мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи ин муқаддасот гуфтаанд: "Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузорад ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ парчами давлати худро, ки ормони ҳар як миллати озодандеш аст, ҷовидона муқаддас медоранд".
Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноии ҳамон кишвар аст. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон "Дирафши Ковиён" ном дошт ва он аз тарафи Коваи оҳангар барафрохта шуд. Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини худро ба найза овехта, онро парчами мубориза бар зидди беадолатиҳои замон номид.
Парчами ҳозираи кишвар дар асоси Низомнома "Дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 11 декабри соли 1999 аз тарафи Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст. Он аз матои росткунҷаи нафису зебои иборат аз се ранг - сурх, сафед ва сабз мебошад, ки маъноҳои мушаххасро доранд:
Ранги сурх - мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро дорад.
Ранги сафед - рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ ва ояндаи дурахшони кишварро таҷассум мекунад.
Ранги сабз - рамзи сарсабзу хуррамии Ватан, рамзи деҳқону баҳор мебошад.
Дар байни Парчами Ҷумҳури Тоҷикистон 7 ситора дарҷ гардидааст, ки онҳо рамзи тоҷдорию давлатдорӣ ва сарбаландии тоҷиконанд.
Имрӯзҳо дар зери парчам кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум ва таъмини осоиштагии мардум савганди садоқат ёд мекунанд. Ҳамзамон, зери сояи ин муқаддасот миллати куҳанбунёду фарҳангсоз тавонист ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад.
Муҳаммад КАРИМОВ,
Ҷамшеди ҶАҲОНГИРЗОД,
курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ....
Рӯзи 21-уми январи соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи ....
Таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти ВКД ба китобу китобхонӣ рӯз то рӯз ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза мардони 49, 53 ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ....
Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ....
Имрӯзҳо занону духтарон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона ....
Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ....
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>