Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08Солҳои 90-ум асри 20-ум собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Охири солҳои 80-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари сермиллат поён рафт. Сохти тоталитарии яккаҳизбӣ монеъи инкишофи равандҳои демократӣ ва бозори иқтисодӣ гардида буд. Дар чунин шароити бӯҳронӣ, гарчанде, ки роҳбарияти собиқ ИҶШС кӯшиши боқӣ мондани низоми коммунистиро менамуданд, вале аллакай дар Аврупои шарқӣ таҳти равандҳои демократӣ низоми сотсиалистӣ аз байн рафта буд. Дар Кониститутсияи ИҶШС сабт шуда буд, ки ҳар як давлати аъзои он ҳуқуқи ихтиёран баромадан аз ҳайати онро дорад. Лекин роҳбарияти ИҶШС ҳаматарафа ба ин раванд монеъ мешуданд. Ба ҳамаи ин муқовиматҳо нигоҳ накарда аввалин бор давлатҳои назди Балтика соҳибистиқлолии худро эълон намуда, як-як аз ҳайати ИҶШС баромаданд.

Ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд. Аммо, авзои сиёсии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буд, рӯз аз рӯз мураккаб мегашт. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Тоҷикистон низ авҷ мегирифтанд. Хушбахтона 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам аз ҷониби Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
8 декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежск давлати Белоруссия сарварони давлатҳои Россия, Белоруссия, Украина дар бораи таъсиси Ииттиҳоди Давлатҳои Мустақил шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хӯрд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале алакай ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гашта буд.
2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутаассифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири нерӯҳои иртиҷоӣ ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик 27 июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гашт. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили соли Оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи иди Истиқлолият 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. 30 сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.

Асламов Б.С., Самиҳов Б.С., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика