Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат – ҷонфидои миллат

Ба озмун240

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли 26 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд.
Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад.
Ривоят аст, ки Худованд дар як аср танҳо барои як қавм ё қабилаи роҳгумзадае дар рӯи замин дӯсти хеш ё сояи худро мефиристодааст, то он миллати роҳгумзадаро роҳнамоӣ кунад. Чуноне ки миллати тоҷик даҳ аср пеш пуштибону сарпаноҳ ва ҳомии худро надошт, то Худованд ба ин миллат Исмоили Сомониро фиристод, ки аз миллати хеш, аз забону фарҳанги ғании ин миллат ҳимоят намояд. Бо гузашти айём аҷнабиён чандин маротиба бар ин сарзамин лашкар кашида, марказҳои илмӣ-фарҳагӣ, шаҳрҳои ободу зебои онро ба харобазор табдил доданд. Мехостанд, забону фарҳанги ин миллатро аз байн баранд, вале ин миллати ҷасуру далер бо тадбирҳои оқилона аз тарафи шахсиятҳои нотакрори таърихӣ тавонист, ки садсолаҳо забону фарҳанги миллии хешро ҳимоя намояд. Ва баъд аз чандин аср Худованд бар сари миллати тоҷик боз сояи хешро фиристонд, то ба ин халқи ҷафодидаву роҳгумзада пушту паноҳ, роҳкушову роҳнамо бошад. Замони нангу замони ҷанг буд, замони бераҳмиву қатлу куштор ва замони нобаробариву ноиттифоқӣ буд. Замоне буд, ки шуълаи умед барои зиндагии осоишта дар замири тоҷикон кайҳо хомӯш гашта буд, то даме ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат интихоб гардиданд.

241

Ин шахсият дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонд. Нахустин каломашон “Ман ба Шумо сулҳ меорам” буд ва Ӯ ба ин ваъдаи худ вафо кард. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд. Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат медонем.
242Бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба он дар як давраи сангин ба минтақаҳои хатарнок сафар намуда, бо мухолифин гуфтушунидҳо ва музокироти судманд анҷом доданд. Пешвои муаззами миллати тоҷик барои ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ҷавонии хешро фидо карданд, то ҷавонони миллат саодатманду хушбахт бошанд. Маҳз хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида, халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибонӣ аз сиёсти пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд.
Пешвои миллат дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳаё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукургузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард, то аз фарҳанги гузаштаи хеш ҳимоят карда тавонанд. Ҷавонони бо нангу ори кишвар бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиб ба боварии Пешвои муаззами миллати тоҷик сазовор гардида, имрӯзҳо дар пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.
Ҷавонони зодаи даврони Истиқлол, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, барои ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, дастовардҳои замони 26 соли соҳибистиқлолии кишвар талош варзида намегузоранд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллиро, ки бо ҷонбозиҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат ба даст омадааст, душманони миллат халалдор намоянд.
Салимзода Каримҷон, мутахассиси пешбари Бахши таҳлил ва иттиллооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика