Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


НБО “Роғун” – роҳнамои рушди устувори Тоҷикистон

239

Ба озмун 

“Дастрасӣ ба манбаъҳои муосири энергетикӣ ва рушди “энергияи сабз” омили калидии ноил шудан ба рушди устувор мебошад ва кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рӯи истифодаи манбаҳои тавлиди “энергияи сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд”.

 Эмомалӣ Раҳмон

Дар пайвастагӣ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 27 соли Истиқлолият аст, ки кишвари азизу маҳбуби мо -Тоҷикистони биҳиштосо ба гуруҳи даҳгонаи мамлакатҳои рӯ ба тараққиниҳода ворид шуда, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдил гашта истодааст.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ яке аз ҳадафҳои хусусияти мубрамиятдори “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маҳсуб меёбад. Дар доираи татбиқи ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2028 Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо шумури шаш агрегат бунёд намуда, аҳолии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаро бо “энергияи сабз” таъмин намояд.
Дар ин росто, бо дастгирӣ ба сиёсати Пешвои муаззамамон мувофиқи супоришоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро якчанд нафар фаъолони гуруҳи ҷавонони “Авангард (Пешоҳанг)”-и ВКД ҶТ ба сайри тамошои НБО “Роғун” дар санаи 17 июли соли 2018 дидан намуданд. Аз ҷумла, ман ба сафи ин гурӯҳ шомил шуда будам, ки ин боиси ифтихори ман буд.
Бо ворид шудан ба ин Кохи пурҳашамати аср ҳаяҷони зиёдро дар худ мепарваридам. Бо дидани ин иншоот чандон ба ҳайрат омадам, ки дар тасаввуротам ин қадар бузургии ин иншоотро тамоман напазируфта будам. Бо як дидан аз он кӯҳҳое, ки сар ба фалак ниҳода буданд, ҳамроҳи дигар ҷавонон таваҷҷуҳам ба тарзи бунёд гардидани он ва чӣ гуна мушкил будани азми он пайдо гардид ва ҳар қадар ки мо вориди ин иншоот мешудем, ҳамон қадар дар худ ҳисси фахр аз Пешвои муаззам, аз миллати побарҷо ва аз меҳнати пурзаҳмати кормандони он, пайдо намудам.
Пеш аз он, ки мо ба дохили сохтмони асосии иншоот ворид шавем, аввалан ба Шуъбачаи Вазорати корҳои дохилӣ дар НБО-и “Роғун” расидем. Дар саҳни бинои мазкур кормандони Шуъбачаи мазкур моро бо эҳтиром истиқбол гирифта, ба мо тартибу қоидаҳои ворид шудан ва чӣ тавр амал намуданамонро дар дохили сохтмони асосии иншоот фаҳмонда, бо либос ва лавозимоти пешгирандаи бехатарӣ таъмин намуданд.
Сипас, мо ба нақлиёти муқарраршуда нишаста, сайрамонро ба сохтмони асосии иншооти Нерӯгоҳ оғоз намудем. Бо тай намудан аз як чанд миқёси иншоот, хатсайри мо ба маконе расид, ки ҳанӯз дар санаи 29-уми октябри соли 2016 Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо нақлиёти булдозер бо шуҷоату мардонагӣ ва малакаву маҳорат пеши дарёи Вахшро баста буданд ва аз соҳили чап ба соҳили рост гузашта, бо ҳамин иқдом ба кори бунёди НБО “Роғун” ҳусни оғоз бахшида буданд.
Дар ҳамин ҷой роҳбаландони масъул ба мо доир ба иқтидор, ҳашамат ва бунёди Нерӯгоҳ маълумот дода, ба мо назокатҳои сохтмони ин Кохро фаҳмониданд. Чӣ тавре ки устод Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар эҷодиёташон доир ба масъалаи мазкур маълумотҳои зиёдеро қайд намудаанд, баръало онро мо бо як дидан эҳсос намудем ва дар вуҷудам дарк кардам. Аз ҷумла, барои намуна якчанд мисраҳоро аз шеъри устод Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо номи “Муъҷизаи аср” аст, мехоҳам манзур намоям:
Ҳама эъҷозҳо дар рӯи дунё гар яқин бошад,
Фақат як НОБ-и Роғун муъҷиза зери замин бошад.
Ҳама аъҷубаҳо бар одамӣ ангуштарӣ гар ҳаст,
Ва ин офарида-иншооти ибрат, худ нигин бошад.
Ба чашми хеш бин, дарё ниҳон дар зери кӯҳ гардад,
Нагӯйӣ чашмбандиҳои шайх аз илми дин бошад.
Агарчи кашфиёти бешумар карданд олимҳо,
Вале дар байнашон ин ҳарбнеру беҳтарин бошад.
Зи боло менамояд он фақат кӯҳ асту як дарё,
Мадон саҳле, ки зераш оламе чун мулки Чин бошад.
Ба кас тақдир агар бошад, ки гардад ошно рӯзе,
Дарунаш пурҷило гунбаз чу як чархи барин бошад.
Хати тектоник орад тоб бар нуҳ бал заминларза,
Таги кӯҳ чорсад газ баъд толори машин бошад.
Дар ҳақиқат, чӣ тавре ки боҳашаматии иншоотро дар шеърашон устод Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр намудаанд, НБО-и Роғун як муъҷизаест, ки дар зери замин ба таври сунъӣ бунёд гардида истодааст ва онро метавон ба гуруҳи “Ҳафт муъҷизаҳои беҳтарини дунё” ворид намуд.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ сохтмони Нерӯгоҳ ҳанӯз солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Вале корҳои омӯзишии он соли 1960 оғоз шуда, соли 1976 корҳои сохтмонӣ ташкил карда шуданд [2]. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС бунёди ин сохтмон қатъ карда шуд ва маҳз дар даврони мустақилияти Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои тоҷикони рӯйи дунё Эмомалӣ Раҳмон дубора шурӯъ гардиданд.
Ҳамзамон, роҳбаладон ба мо маълумот доданд, ки ширкатҳои бузурги давлатҳои тараққиёфтаи ҷаҳон барои сохтмони ин иншоот ҳамкории худро ба роҳ монда, тамоми таҷҳизоти лозима бо сифати аъло таъмин карда шудаанд.
Мувофиқан, Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худ ташаббус намудааст, ки дар самти маблағгузорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ барои бунёди Роғун созишномаҳо ба имзо расонад ва сиёсати хориҷии худро бо ин роҳ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ густариш диҳад.
Дар ин доира, Бонки умумиҷаҳонӣ коршиносони варзидаро аз Австралия, Олмон, Швейтсария, Куриёи ҷанубӣ ва Фаронса даъват намуда, онҳоро мустақар намуд, ки санҷишҳои техникӣ ва экологиро дар Нерӯгоҳи мазкур гузаронанд [3.С. 19].
Дар натиҷаи санҷишҳои коршиносон, чунин хулоса бароварда шуд, ки бунёди ва мавриди истифода қарор гирифтани Нерӯгоҳ амнтарин ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатноктарин дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад, ҳамчунин коршиносон ба натиҷаи тадқиқоташон кафолат додаанд, ки НБО-и “Роғун” метавонад ба кишвари мо то ҳудуди 115-120 сол хидмат намояд [4.С.21].
Тамоми корҳои сохтмониро ширкати машҳури итолиёвӣ-“Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) таҳти роҳбарии Президенти он - Пиетро Салини ба анҷом расонида истодааст.
Ҳамзамон, роҳбаладон ба мо қайд намуданд, ки аз ширкати “Салини Импреҷило” танҳо 112 нафар ба бунёди Нерӯгоҳ ҷалб шудаанд, ки дар умум мувофиқи омор бештар аз 94%-и кормандони сохтмонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо роҳи бунёди ин Кохи нур вусъатнокии шуғли пурмаҳсул дар ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.
Дар воқеъ, инсон бо дидан аз ин иншоот дар ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр он бо ин ҳама мушкилиҳо бунёд гардида истодааст. Ин имконпазир гардид, дар он замоне ки халқи мо дар зери роҳбарии Пешвои худ Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо ташаббуси ин нафар шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ масъалаи сохтмони Нерӯгоҳ сар зад ва он дар амалия иҷро гардида истодааст.
Як сайре, ки мо ҷавонон дар ин Кохи нур доштем, моро куллан дигар намуд. Ман тамоман руҳияи тозаеро дар худ дарёфтам. Ҷаҳонбинии ман то дараҷае фаррох гардид, ки акнун ман бо диди нав дар зиндагиам қадам гузошта истодаам. Ин як рӯз то абад ҳамчун як муддати таърихӣ дар умри ман боқӣ хоҳад монд. Ман аз ин ҳолат то он дараҷае комил шудаам, ки акнун боифтихор иброз менамоям, ки: “Мо тоҷикон як халқи бузург ҳастем ва мо метавонем ин Кохи нурро дар якҷоягӣ бунёд созем. Аз ниёгонамон мерос гирифтем ва ба наслҳои ояндагонамон ин Кохи нурро мерос мегузорем. То насли ояндаи мо донанд, ки ниёгонашон новобаста аз ҳар гуна душвориҳои вазнин тавонистаанд, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон ин иншоотро бунёд созанд”.
Дар интиҳо, сипозгузории худро ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, инчунин миннатдориамро ба сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор ва кормандони Хадамоти мазкур, кормандони ВКД дар НБО-и Роғун ва роҳбаладону шахсони масъули НБО-и Роғун мерасонам.
Таманно дорам, ки ин иншооти аср бунёд шаваду рушди устувориии Тоҷикистон таъмин гардад!
Содиқов Хушбахт Насреддинович, донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси идоракунии ҳайати гурӯҳи “а”-и факултаи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гуруҳи ҷавонони “Авангард”




Рӯйдодҳо

  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

    Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар ....

    17.01.2020 09:44
  • Тақаллубкорӣ бо баҳонаи тиҷорат

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини ҷамоати ....

    17.01.2020 08:53
  • Дуздии чорво аз чарогоҳ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    16.01.2020 09:17
  • Пахши пиёдагард дар ноҳияи Дӯстӣ

    Рӯзи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2020 09:16
  • Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

    Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ....

    15.01.2020 14:17
  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи ....

    15.01.2020 10:57
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2020 10:56
  • Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    15.01.2020 10:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика