Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саёҳати курсантони Академияи ВКД дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба қалъаи Ҳисори шодмон

201

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамчунин дар асоси супориши сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва нақша-чорабиниҳои Шӯрои кураторон ва Шӯрои роҳнамоёни Академяи ВКД, санаи 21 апрели соли 2018 таҳти сарпарастии муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Ҳалимзода А., сардори факултети №6 полковники милитсия Самиев Н.М., кураторони гурӯҳҳои таълимӣ курсантони факултетҳои №2 ва №6 Академия ба сайри қалъаи таърихии Ҳисори шодмон фаро гирифта шуданд.

202203

Курсантон аз ин макони тарихӣ ва фарҳангии кишвар боздид намуда, ба санъати баланди меъморӣ ва ҳунарҳои мардумии асрҳои 16-17 мардуми тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуда, дар саҳни ин макони таърихӣ барои хотира аксбардорӣ намуданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки чунин чорабиниҳо бо курсантон дар Академияи ВКД рӯзҳои истироҳат мунтазам гузаронида мешаванд.
АсламовБ.С.,Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика