Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Нишоти мо ҳамин Сулҳ асту Ваҳдат

Нишоти мо ҳамин Сулҳ асту Ваҳдат

Каломи беҳтарин Сулҳ асту Ваҳдат.
Лаби пурхандаи тифлони гулмаст,
Ва зеби ҳар замин Сулҳ асту Ваҳдат.

Талоши зиндагии хубу ширин.
Баҳори умри пуртуғёну рангин.
Салоҳи одамони пойбарҷо,
Умеди камтарин Сулҳ асту Ваҳдат.

Миллати тоҷик аз нигоҳи таърих, як миллати сулҳхоҳ ва фарҳангиву дурандеш арзёбӣ мешавад.Ва аз худ мероси гаранбоҳову муқаддас - сулҳу ваҳдатро барои наслҳои оянда боқӣ хоҳад гузошт. Ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии миллат аст.
Харчанд ин миллати қарин тули ҳазорсолаҳо ба парокандагиву сарсониҳо дучор шуд, вале рӯ овардан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ боз як нишонаи садоқати ин миллати фархунда ба арзишҳои миллист, ки дар арсаи таърих аз беҳтаринҳо муаррифӣ мешавад.
Хамагон дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали сохибистиклол гаштани Точикистони азизамон гурӯххои тундгаро, бадхоҳони миллати тамаддунофар кишварамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Чанги шаҳрвандие, ки ба вуқӯъ пайваст боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид.

Ёд дорам
Ёд дорам, модари ғамкуштаро,
Мардуми дар хоку хун оғуштаро
Ёд дорам, тифлакони бепадар,
Лоларангии ҳазорон пуштаро.
Ёд дорам, хоҳарони дар ба дар,
Хаста, тифлони сағиру бепадар
Бенавоиву, ғарибиву, ҳасад,
Зишткорони зинооғуштаро.
Ёд дорам, мардуми дар фикри нон
Тоҷики савдоии бе хону мон.
Бе сару, бе пову, бе дасту забон,
Ҷисмҳои тӯъмаи паррандагон.
Сӯзши қалбам аз он давру замон,
Кам нагашту дидагонам хастаанд.
Солҳо бигзаштаву он сӯзҳо,
Дар дилам нақши аламҳо бастаанд.

Дар яке аз суханронихои худ Пешвои миллат Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷарохатхои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Асари чанги шахрвандӣ, ки ҳисороти азимеро рӯ ба бор овард, дар қалбу ёдҳои мардум боқист.
Дар мазори ёдҳои мо,
Гури миллионҳо шаҳидон аст.
Ҷанг шодӣ нест, оре, ҷанг шодӣ нест,
Як балои осмон аст.
Сад ҳазор модар, дар ҳавои интизориҳо,
Чашм бар раҳ мурд,
Бо алам, бо дарду зориҳо.
Родмардони талоши ҳак, рафта сӯи марг,
Синаҳо бикшода бо нанги ватандорӣ, ру ба рӯи марг.
Дарки номусу садоқат,
Дар ниҳоди хастагони роҳ,
Гоҳ танҳо, гоҳ захмӣ, роҳ беохир,
Созгорӣ буда кори бастагони роҳ.
Ҷанг шодӣ нест, оре, ҷанг шодӣ нест.
Нақши чандинасраи домони торих аст,
Захмҳои дардбори қалбҳои мо,
Иллате дар хонаи чашмони торих аст.
Ҷанг шодӣ нест…..
Саҳми босазои ҳазорон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба Ватан ва ба қарзи шаҳрвандии худ содиқ мондан, баҳри таъмини амнияти дохилӣ, ба муқобили ҷинояткориҳои муташаккил муборизаи беамон бурда, дар ҳифзи Ҳукумати конститутсионӣ шуҷоату мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон додаанд, зиёд аст.
Ва хизмати онхо дар таъмини сулҳу субот, ризоияти миллӣ, таҳкими сохти конститусионӣ ва давлатдории навини тоҷикон хеле назаррас мебошад.
Кормандони милитсия баҳри ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҷони худро нисор кардаанд. Ёдашон ба хайр ва манзили охираташон пурнур бод!
Пайи савганд, ки хурдам, азизу мухтарамам
Барои халк, ки мурдам, азизу мухтарамам.
Ватан ҳимояти моро хуҷаста медонад,
Ба пош ҷон бисупурдам, азизу муҳтарамам.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози падидаи аз нав умед бастани миллати тоҷик ба зиндагии тоза ба шумор меравад.
Бо шарофату ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон поянда ва барқарор гардид. Ва мардуми моро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.
Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу осоиш зиндагии хӯшу хуррам доранд, ки хизматҳои беандозаи Сарвари давлати тоҷикон дар ин ҷода хеле назаррас ва боиси таҳсину офаринҳост.

Ин миллати қарин, ин кишвари бузург,
Ин сулҳи пойдор, хушреди нурбор.
Ин ҷилваи замон, таърихро нишон,
Доимбаҳору дар талаби хеш комгор.

Поянда боду, ҳар нафасаш бо субот бод.
Иқболу обруву сафояш зиёд бод.

Умедбастаҳои замони мубораканд.
Ин насли Ориё, Ҷамшедзодаанд.
Авлоди тоҷдор, оинадори давр,
Суи вафову меҳр ҳама по ниҳодаанд.

Поянда боду, ҳар нафасаш бо субот бод.
Иқболу обруву сафояш зиёд бод.

Чун Сарвари матин ҳаст Пешвои халқ,
Истода ҷон ба каф баҳри дифои халқ.
Ҳам ҳадяи Худост, ҳам ҷони зиндагист,
Ҷовид, зинда аст, ӯ бо дуои халқ.

Поянда боду, ҳар нафасаш бо субот бод.
Иқболу обруву сафояш зиёд бод.
Амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат Сулҳу Ваҳдат аст. Ваҳдат - асоси ободии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Ва мо бояд шукргузор аз обу хоки диёр бошем ва арзишхои миллии кишварамонро муқаддас нигах дорем.

Шукри Ваҳдат

Ваҳдати мо хори чашми душман аст,
Сарпаноҳи миллат асту меҳан аст.
Ваҳдати мо бозу банди муҳкам аст,
Ҷавшани руҳ, ҷавшани ҷону тан аст.

Ваҳдати мо, ифтихору буди мост,
Созиши шоистаи мавҷуди мост.
Ваҳдати мо ифтитоҳи зиндагист,
Беғуборӣ дар раҳи мақсуди мост.

Ҳиммати мо дар сиришти Ваҳдат аст,
Қиммати мо рӯи кишти Ваҳдат аст.
Қомати мо то фалакхо сар кашид,
Буди мо дар сарнавишти Ваҳдат аст.

Офоқ Қодириён




Рӯйдодҳо

  • Бо роҳи зуроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    15.08.2020 10:16
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ....

    15.08.2020 10:15
  • Боздошти марди 31-сола барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.08.2020 10:14
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-солаи сокини ....

    15.08.2020 10:12
  • Рух додани якчанд садамаи нақлиёти марговар

    Рӯзи 13-уми августи соли 2020, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи ....

    15.08.2020 10:11
  • 14.08.2020 12:08
  • Боздошти марди 34-сола барои ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:21
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:18
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:16
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:15
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика