Асосҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии ме¬таллҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо: дастури амалӣ-методӣ / Зери таҳрири Ҳафиззода Ш.Х. – Душанбе: «ЭР-граф», 2018. – 40 саҳ.
Мураттибон:
Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия (муҳаррири масъул);
Юсуфзода Акмал Ҳотам – ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия;
Одиназода Маҳмадшариф Шодӣ – сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Муқарризон:
Насуриён П.А. – номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия;
Ҳусейнзода С.Ҳ. – номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия.
Дастури амалӣ-методии мазкур таҳлили масъалаҳои назариявӣ ва амалиро вобаста ба табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва тавсифи криминологии ҳуқуқ¬вайронкуниҳо дар самти муомилоти ғайриқонунии металлҳои қи¬матбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин вазъи ҷинояткории самти мазкурро дар бар гирифта, бо назардошти талаботи санадҳои меьёрии ҳуқуқии амалкунанда ва таҷрибаи амалӣ барои ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо таҳия карда шудааст.
Барои роҳнамоӣ дар фаъолияти амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ, инчунин ба доираи васеи омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони манфиатдор тавсия мешавад.
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>