Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШБДА РВКД Рашт: Омӯзиши тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ

Имрӯз (15.09.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, машғулияти хизматӣ вобаста ба самтҳои омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар машғулияти хизматӣ сардори ШБДА Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шодмони Ҳасан оид ба мафҳум ва муҳтавои тағйиротҳо дар қонуни мазкур муфассал баромад намуда, онҳоро ба таври равшану возеҳ ба ҳайати шахсӣ шарҳ дод.

Зикр гардид, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модаҳои 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда, дар онҳо мӯҳлати аз ҳуқуқи махсус - ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳсол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шуданд.
Дар хотима миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, доир ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳо иброз гардиданд.
Муродов Саидҷамол, хабарнигори фаврӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика