Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо роҳбарони “Корпоратсияи мусофирбар”

Имрӯз (05.09.с.2017), дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Корпоратсияи мусофирбар” вохӯрии кормандони Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони терминалҳои мусофиркашонӣ сурат гирифт, ки дар он Раиси Шӯрои собиқадорони РБДА ВКД полковники милитсия Раҳматулло Назаралиев ва сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати мазкур подполковники милитсия Наргисой Туйчиева иштирок намуданд.
Сараввал раиси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Корпоратсияи мусофирбар” полковники мустаъфии милитсия Гулов Сафаралӣ суханро оғоз намуда, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд.
Мавсуф дар баромади худ оид ба имзо расидани як қатор қонунҳо, ки санаи 28 -уми августи соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шудаанд, баромад намуда, мӯҳтавои онҳоро ба иштирокчиён фаҳмонид.

Назаралӣ Раҳматуллоев оид ба бандҳои 37, 42, 332, 336, 337, 342 ва 481-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан ронда, ҳар банди ин қонунро дар алоҳидагӣ ба таври васеъ ба сардорони ҷамъиятҳои мусофирбкашонӣ фаҳмонда, қайд намуд, ки талаботи бандҳои ин қонунро ба ронандагони терминалҳо ва ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ вазифадоранд расонанд.
Қабул гардидани ин қонунҳо талаби рӯз буда, иҷрои он вазифаи ҳар кадоми мост. Ҳамчунин дар бораи таҳрири нави китоби Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки ин коидаҳо роҳнамоест барои ронандагон. Дар ин қоидаҳо тамоми мақсад ва вазифаҳои ронандагон оварда шудааст. Аз ин рӯ шуморо зарур аст, ки аз он истифода баред ва малакаи касбии худро баланд намуда, ба ронандагон оиди иҷрои ин қонунҳо сӯҳбат намоед.
Иштирокчиёни ҷаласа ба намояндагони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қонунҳои қабулгардида ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ суол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Сафаралӣ Гулов дар охир пешниҳод намуд, ки бояд ин вохӯриҳо миёни ронандагони терминалҳои мусофикашонӣ, ҷамъиятҳо пайваста гузаронида шавад.Сардорони ҷамъиятҳо вазифадоранд, ки моҳияти ин қонунҳоро ба ронандагони ҷамъиятҳои худ расонанд. Ҳамкорӣ миёни кормандони БДА ва Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт пурзӯр карда шавад.
А. НАРЗИҚУЛОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика