Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавриди омӯзиш қарор додани тағйиру иловаҳо дар байни кормандони БДА

Имрӯз (31.08.с.2017), дар Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки мушовири сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники мустаъфии милитсия Раҳматуллоев Назаралӣ, сардори шуъбачаи амалияи маъмурии шуъбаи хадамоти роҳбонии РБДА подполковники милитсия Ҳасанов Амирхон ва сардори шуъбачаи ташкили нозиротии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Дӯстов Сафаралӣ машғулияти хизматӣ баргузор гардид.

Зимни машғулият дар байни ҳайати шахсии ШБДА дар шаҳри Душанбе тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва беҳуҷҷати ронандагӣ пурзӯр мекунад, инчунин дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2017 таҳти рақами №323 тасдиқ шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ қайд гардид, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда, дар онҳо мӯҳлати аз ҳуқуқи махсус - ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳсол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шуданд.
Дар идомаи машғулияти хизматӣ зикр гардид, ки агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиётро ба мӯҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи қонуни нав ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 шабона рӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати панҷ сол таъийн карда мешавад.

Дар хотимаи чорабинӣ байни маърӯзачиён ва ҳайати шахсии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур саволу ҷавоб сурат гирифт.
Тоҷиддин Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика