Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷаласаи собиқадорони вилояти Хатлон

121

Рӯзи 26-уми апрел дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон вохӯрии навбатии Созмони собиқадорони ВКД ва аъзои он бо шӯроҳои собиқадорони ин раёсат ва ШВКД-ҳои шаҳру навоҳии он доир гардид.

Дар ҷамъомад раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм, муовини сардори Раёсат полковники милитсия Исмат Мируллоев, раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон подполковники мустаъфии милитсия Шариф Лақаев, собиқадорону нафақахӯрони РВКД ва шуъбаҳои он, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

122

Ҷаласаро раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷурахонзода оғоз намуда, собиқадорону нафақахӯрон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро аз номи роҳбарияти ВКД ба муносибати 74-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои басо мушкилу масъулиятнок барору комёбиҳо таманно намуд. Ҳамчунин, кулли собиқадорни мақомоти корҳои дохилӣ ва он нафароне, ки дар солҳои тӯлонӣ ва дар давраҳои душвору сангини кишварамон дар ин сохтори муҳими давлатӣ содиқонаву софдилона хизмат намуда, қувваю тавоноии хешро сарфи ҳифзи марзу бум ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонамон кардаанд, баён карда, афзуд, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърихи милитсияи тоҷик бо хати заррин сабт шудааст, ки ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳанд шуд.
Ӯ қайд намуд, ки имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 246 нафар иштирокчиёни ҶБВ зиндагӣ ва фаъолият доранд, ки аз ин шумора дар қайди Созмони собиқадорони ВКД панҷ нафар иштирокчии ҶБВ ва собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ҳастанд, ки дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иқомат доранд.

123124

Раиси Созмони собиқадорони ВКД, ҳамзамон аз фаъолияти созмон, вохӯриву чорабиниҳои баргузоргардида ва саҳми назарраси собиқадорон дар тарбияи насли ҷавон, бахусус кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки имрӯз низ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, қонуншиканӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, собиқадорони ниҳод бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд. Ҳангоми суҳбату вохӯриҳо ба кормандони ҷавон самтҳои гуногуни фаъолияташонро баррасӣ намуда, баҳри хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматбарӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар, кумаку таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани Вазири корҳои дохилӣ ба собиқадорону нафақахӯрон, Созмони собиқадорон, шӯроҳо ва аъзои онҳо пайваста аз саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо бохабар гардида, сайъ менамоянд, ки дастгиру мададгори онҳо бошанд.
Айни замон дар қайди РВКД дар вилояти Хатлон 2936 нафар нафақахӯр ҳастанд, ки аз ин шумора зиёда аз 376 нафарашон нафақахӯроне мебошанд, ки собиқаи кории аз 25 сол кам доранд. Инчунин, 1 нафар иштирокчии ҶБВ, 1 нафар иштирокчии безараргардонии таъсири нерӯгоҳи атомии Чернобил, 72 нафарашон ҷанговарони башардӯст, 204 нафарашон маъюбон, ки аз рӯи вазъи саломатӣ ба нафақа баромаданд. 357 нафари дигар ҳамсарони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони азизи хешро аз даст додаанд, мебошанд.
Ин родмардони асил дар давру замони мушкил дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда, борҳо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, вале наҳаросида хизматро тарк накарданд ва баръакс, бо фидокорию матонат истодагарӣ намуда, содиқ ба савганд душворию камбудиҳоро пушти сар намуданд.
Таҷрибаи бойи собиқадорон мусоидат менамояд, ки кору фаъолият дар марказу маҳаллаҳо дуруст ба роҳ монда шавад, он гоҳ бо донишу таҷрибаи хеш метавонанд малакаи касбӣ ва маҳорати кордонии ҳаммаслакони ҷавонашонро сайқал дода, онҳоро ба яке аз кормандону роҳбарони пӯхтакору ташаббускор ва мақсаднок табдил диҳанд.
Сипас дар ҷаласа, раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон подполковники мустаъфии милитсия Шариф Лақаев аз натиҷаи фаъолияти шӯро, корҳои ба сомон расонида вобаста ба самти фаъолият суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, суботу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар кишвар ва даҳҳо самтҳои дигари фаъолият софдилона хизмат намуда истодаанд.
- Собиқадорон нерӯи тавоное ҳастанд, ки метавонанд ҳамеша дастёру мададгор ва роҳбалади кормандони ҷавон бошанд, гарчанде пас аз ба нафақа зиндагӣ маҷрои дигар мегирад, аммо ҷисману рӯҳан ҳамеша дар паҳлӯи кормандони милитсия будему ҳастем ва хоҳем монд. Баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияту субот ва шукуфоии ватани маҳбубамон қувваи худро дареғ нахоҳем дошт, - афзуд ӯ.
Дар идома муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Исмат Мируллоев баромад намуда, қайд кард, ки роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон ҳамеша бо собиқадорону нафақахӯрони соҳа вохӯриҳо намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешаванд. Дар ҳама чорабиниҳои раёсат ва баргузории вохӯриҳо онҳо даъват мегарданд. Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ чун роҳбаладони кормандони ҷавон дар пешбурди самти фаъолият нақши назаррас доранд.

125

Ҳамчунин, дар ин ҷамъомад собиқадорону нафақахӯрон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои роҳбарияти ВКД, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати собиқадорону нафақахӯрон ва шахсони барҷомонда миннатдорӣ баён намуда, қайд карданд, ки баҳри пешрафти самти фаъолият, кумак расонидану ба роҳи рост ҳидоят намудани кормандони ҷавон омодаанд, инчунин саҳми худро дар ошкору пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо мерасонанд.
Дар охир аз номи Созмони собиқадорони ВКД ба сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар Раҷаб, муовини сардори раёсат полковники милитсия Исмат Мируллоев ва як қатор собиқадорон барои хизмати софдилона ва содиқона дар мақомоти корҳои дохилӣ, содиқ будан ба Савганди худ ва тарбияи насли ҷавони милитсия Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Тоҷӣддин ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • Садамаи нақлиётии марговар

    Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи ....

    02.06.2020 09:42
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    02.06.2020 09:39
  • Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

    Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти ....

    01.06.2020 17:18
  • Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

    Дар асоси аризаҳои воридщуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов ....

    01.06.2020 17:15
  • Ҳар як шахс бояд муҳофизи саломатии худ бошад!

    Имрӯз (01.06.с.2020), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ....

    01.06.2020 16:47
  • Ошкор шудани дуздии 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    01.06.2020 10:20
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дустӣ, Хуросон ва ....

    Рӯзи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    01.06.2020 10:18
  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика