Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар ШВКД ноҳияи Ҷ.Расулов

107

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 26-уми апрели соли 2019 дар машғулияти касбӣ - хизматӣ, нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ полковникҳои мустаъфӣ Ашурматов Қурбонбой ва Муминов Абдуқаҳҳор, ки солҳои зиёд дар мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дар ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳайси сардори Шуъба фаъолият бурдаанд, даъват карда шуда, бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вохурӣ ва сӯҳбатӣ судманд доир карда шуд.
Сардори Шуъбаи мазкур полковники милитсия Бобоназарзода Алиҷон Бобоназар вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, миннатдории роҳбарият ва ҳайати шахсиро ҷиҳати тарбияи ҳайати шахсӣ, хусусан кормандони ҷавон ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ Ашурматов Қ., Муминов А., Юлдошев Ш.Т. ва Зикриллоев М., расонид.
Дар рафти вохӯрӣ собиқадорон аз фаъолият ва ҳаёту саргузашти худ дар мақомоти корҳои дохилӣ, таърихи милитсияи тоҷик, корнамоиҳои кормандони милитсия, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва Савганд, мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ ва қонуният суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Шӯрои созмони собиқадорони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов майори мустаъфӣ Зикриллоев Мамадҷон, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷаббор Расулов Алиев Нуъмонҷон ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ подполковники мустаъфӣ Юлдошев Шомурот Турдимуродович, низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

108

Аз ҷумла, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ подполковники мустаъфӣ Юлдошев Ш.Т. баромад намуда, қайд кард, ки барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1438 аз 19-уми марти соли 2013 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №296 аз 3-юми майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ва муқаррароти Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №256 аз 10-уми июни соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия», ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани шарикии доимии мақомоти милитсия бо аҳолӣ, ошкорбаёнии фаъолияти он бо ҷомеа, шиносоии наздики кормандони милитсия бо аҳолӣ дар ҷойҳои истиқомат, кор, таҳсил ва иҷро намудани дархосту пешниҳодҳои аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо собиқадорон дар канор наистода, тамоми қувваву матонати худро роҳандозӣ хоҳанд кард.

109

Дар хотима сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов полковники милитсия Бобоназарзода А. Б. аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони мақомот Ашурматов Қ. ва Муминов А., ки рӯзҳои наздик ба синни мубораки 90 мерасанд, туҳфаҳои қимматноки хотиравӣ тақдим намуд.
Зиёзода А.А., нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов, майори милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика