Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назаре ба таҷдиди сохтори милитсия дар марҳилаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва солҳои баъдиҷангӣ (1945-1969)

176Милитсия аз замони таъсисёбӣ - 10 ноябри соли 1917 борҳо ба тақозои замон ба авзои сиёсӣ ба таҷдид ва азнавташкилнамоӣ дучор гардидааст. Нақши милитсия дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле калон буд. Кормандони милитсия на танҳо ба фронт мерафтанд, балки дар ақибгоҳ низ бар зидди шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ мубориза мебурданд. Дар ин мавзӯъ доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Назаров Н.Ҷ. тадқиқот бурдааст . 

Хадафи асоси муаллифон аз навиштани ин мақола аз он иборат мебошад, ки таҷдид ва азнавташкилнамоии сохтори милитсияро дар марҳилаи ҶБВ ва баъди анҷоми он таҳлил намоем. Милитсия аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳамчун сохтор бо номи Комисарияти Халқии Корҳои Дохилӣ (КХКД-НКВД) амал мекард, ки феврали соли 1941 Комиссариати Халқии Корҳои Дохилӣ (КХКД- НКВД) ба ду Комиссариати мустақил табдил дода мешавад: Комиссарияти Халқии Корҳои Дохилӣ (КХКД-НКВД) ва Комиссариати Халқии Бехатарии Давлатӣ (КХБД-НКГБ).
Чунин сохтори монанд дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтори Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) низ созмон дода мешавад. Мақомоти милитсия ба тобеияти Комиссариати Корҳои Дохилӣ вогузор карда мешавад.
20-уми июли соли 1941 укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (СССР) дар бораи Муттаҳидкунии Комиссариати халқии бехатарии давлатӣ ва Комиссариати корҳои дохилӣ ҳамчунин комиссариати ягонаи корҳои дохилии ИҶШС (СССР) қабул карда мешавад. Ин имконият дод, ки бар зидди гумоштагони фашистӣ ва ҷинояткорӣ ба таври мутамарказ мубориза бурда, бехатарии ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар марказ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Дар ибтидои ҷанги дуюми ҷаҳон доираҳои сиёсии Олмони фашистӣ, ҳадафи зери хатар қарор додани Афғонистон ва Тоҷикистонро доштанд. Онҳо ба ҳайси платсдарми диверсионӣ маҳз Афғонистонро истифода бурда, мехостанд, ки ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон эмиссарҳои худро равон созанд, ки ин амалҳо аз тарафи кормандони Комиссариати ягонаи корҳои дохилӣ пешгирӣ карда шуданд.
Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти миллитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. Рӯзи 7-июни соли 1941 чунин деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занони шаҳри Маскав дар кори милитсия ба назар мерасид. 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград 20% - ҳайати шахсиро занон ташкил медоданд. Сардори Раёсати шиносномадиҳии Ҷумҳурии Тоҷикстон Е.Соколова буд.
Дар оғози ҶБВ Бригадаи алоҳидаи савораи тирандози Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода, шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД ) С.И.Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба ситоди қӯшунҳои Артиш маълумотҳои нодирро пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба дӯши Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад, солҳои 40-50-ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
Чор нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошивин Вениамин Георгиевич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзаев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Констонтин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шӯъбаи кофтукови ҷинояти КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омаданд.
Моҳи июни соли 1946 шӯъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шӯъбаи шиносномадиҳии Сараёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Соли 1949 мақомоти милитсия ба Вазорати бехатарии ИҶШС ҳамроҳ карда шуда, ҳамчун Сарраёсати милитсияи Вазорати бехатарии ИҶШС амал намуд, ки ба зиммаи вай ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, гузаронидани чорабиниҳои маъмурӣ, ҳифзи моликияти давлатӣ, кофтукови ҷиноятӣ вогузор карда шуда буд. Инчунин шӯъбаҳои баҳисобгирӣ-бақайдгирӣ ташкил карда шуданд. Аввалин бор дар ҳайати милитсия воҳидҳои илмӣ-тадқиқотӣ пайдо шуданд. Соли 1952 дар назди милитсия Хадамоти муҳофиза ва қаровулӣ созмон дода шуд.
Соли 1953 бошад ВКД мустақил гардида, қарорҳои ҳизбӣ ва давлатиро иҷро намуда, соли 1956 сохтори онро ба Шӯроҳои депутатҳо ва Вазири корҳои дохилӣ тобеъ намуд. Моҳи январи соли 1960 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС , ВКД ИҶШС-ро барҳам дода, вазифаҳои онро ба ВКД ҷумҳуриҳои иттифоқӣ супорид, ки минбаъд ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ табдил дода шуданд. Чи тавре, ки амалия нишон дод, чунин таҷдиди назари дастгоҳи марказии ВКД ИҶШС ба душвориҳои зиёди сохторӣ ва хизматӣ оварда расонид. Ҳамин тавр дар натиҷаи таҳлилҳои зиёд 26-уми июни соли 1966 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС фармонро дар бораи таъсиси «Вазорати иттифоқӣ - ҷумҳуриявии ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ИҶШС» интишор намуд. Дар ҳайати он Сарраёсат ва раёсатҳои зерин таъсис ёфтанд:
- Сарраёсати милитсия
- Сарраёсати ҷойҳои маҳбусон
- Раёсати тафтишот
- Сарраёсати қӯшунҳои дохилӣ
- Сарраёсати ҳифзи сухтор
Моҳи ноябри соли 1968 бо укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Вазорати корҳои дохилии ИҶШС табдил дода шуд.
Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои Корҳои Дохилии кишвар (край) ва вилоятҳо сохторҳои шӯъбаҳои корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.
ВКД ИҶШС ба тағйироти куллии сохторӣ мувоҷеҳ гашт. Дар феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фурӯши моликият
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда, вазифаи аслии худ – ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дод, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии ВКД собиқ ИҶШС низ хос буд.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон ВКД дар асоси талаботи манофеи миллӣ бори дигар ба таҷдид ва азнавсозӣ рӯ ба рӯ гашт, Истиқлолияти давлатиро ҳифз намуд, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва интеллектуалӣ такмил ёфт, ки мавзӯи алоҳидаи тадқиқоти илмиро тақозо менамояд.
Асламов Б.С. - муовини сардори факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ.
Қосимов Ф.Р. - омӯзгори калони факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯ.

Адабиёт
1.Назаров Н., Якубов М.Х. Таджикская милиция в годы Великой отечественной войны. Душанбе, 2005. -111с.
6.Розиқзода А.Ш. Вазирони корҳои дохилӣ. Душанбе, 2011.- 264 с.
2. Назаров Н.Дж. Организационно - правовые основы становление и развития милиции Таджикистана, (1917-2006гг.). М., 2007. – стр.28-34.
3. Советская милиция; История и современность (1917-1978). М, 1987. -336с.
4. Фоменко А. Традиция американского империализма и мировые войны ХХ века //Международная жизнь, июль 2013г. – с.85-106.
5. Самиев Х., Мухитдинов Д. Гуфтор дар бораи назарияи равобити байналмилал. Душанбе 2014. – с.251 .
6.Қосимов Ф.М. Заминагузори илм ва фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ. Душанбе, 2017..- 264 с.-110с.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика