Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносии собиқадорон дар арафаи ҷашни ҷаҳонӣ

01

Санаи 15-уми март дар Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии Созмони собиқадорони ВКД бо собиқадорону нафақахӯрон, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҷаласа раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм аз ҳуҷраи кории навтаъсиси раиси 02Шӯрои собиқадорон ва ошхонаю толори варзишии ин шуъба, ки бо тамоми таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, дидан намуд.
Сипас, ҷаласаро сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ниёгони мо боқӣ мондааст, муборакбод намуд.
Дар идома мавсуф иброз дошт, ки собиқадорони милитсия яке аз такягоҳҳои пуриқтидори мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, бо донишу малакаи баланди касбии худ ба кормандони милитсия, бахусус ба кадрҳои ҷавон ҳамеша роҳбаладӣ менамоянд.
Сипас, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷӯрахонзода ҳозиринро аз номи роҳбарияти ВКД ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд. Мавсуф аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти ВКД нисбати собиқадорону нафақахӯрон ва шахсони барҷомонда изҳори андеша кард.
Дар идома аз фаъолияти Созмони собиқадорони ВКД ва корҳои баанҷомрасонидашуда шӯроҳои собиқадорон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аёдати собиқадорон ва саҳми онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи насли ҷавон ва чорабиниҳои гуногун суханронӣ намуда, илова кард, ки ин родмардони набард дар замонҳои душвори зиндагӣ умри хешро баҳри ҳифзи ин марзу бум ва ба даст овардани Истиқлолият сарф намудаанд. Имрӯз низ собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

030405

Дар ин чорабинӣ аз номи Созмони собиқадорони ВКД ба сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад ва як қатор собиқадорон барои хизмати софдилона ва содиқона дар мақомоти корҳои дохилӣ, содиқ будан ба Савганди худ ва тарбияи насли ҷавони имрӯзаи мақомоти корҳои дохилӣ Сипоснома тақдим гардид.
Ҳамзамон, ба раиси Созмони собиқадорони ВКД аз номи роҳбарияти шуъбаи мазкур барои ҳамкории мутақобила дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ Сипоснома супорида шуд.
Дар охир полковники милитсия Саидаҳмад Маҳмадҷонзода илова кард, ки ҳамкорӣ бо Шӯрои собиқадорони шуъба дуруст ба роҳ монда шуда, ба онҳо пайваста суҳбату вохӯриҳо доир карда мешавад. Воқеан ҳам, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо малакаву дониши худ метавонанд дар пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо саҳгузорӣ намоянд.

060708

Дар охир, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз номи роҳбарият ба собиқадорони ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ дастурхони идона ороста шуда, туҳфаҳо тақдим гардид.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика