Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми собиқадорон дар тарбияи насли ҷавони милитсия

Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун нерӯи тарбиятгар ва мактаби таҷриба дар раванди камолоти насли ҷавони милитсия ҳамеша ҳиссагузор мебошанд. Ин насли корозмудаи мақомоти корҳои дохилӣ нозукиҳои касбӣ, услуби корбарӣ ва донишу малакаи давоми солҳо ба даст омадаи худро аз ҷавонон дареғ намедоранд. Ба гуфти собиқадорон мулоқоту вохӯрӣ бо идомадиҳандагони касб имконияти муфидест барои тарбияи кадрҳои ҷавон, ки аз он собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ истифода мебаранд.

Ҳамингуна як мулоқоти самимии генерал-майори мустаъфии милитсия Абдуманон Ғозиев ва полковники мустаъфии милитсия Шариф Умаров бо ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гашт. Нахуст сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид ба аҳли нишаст меҳмононро муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки барои расидани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ба пояи имрӯзааш собиқ кормандони мақомот хизмати арзанда намудаанд. Марҳила ба марҳила ташаккулёбии мақомоти милитсия ва ҳамчун як ниҳоди бонуфуз мавқеъ пайдо кардан натиҷаи заҳмату талошҳои собиқадорони соҳа мебошад.
Сипас собиқадорон А.Ғозиев ва Ш.Умаров суханронӣ намуда насли ҷавонро пеш аз ҳама ба дӯстдории Ватан, содиқ мондан ба касб ва иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.
- Бо таъсисёбии Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ мо бори дигар имкон ёфтем, ки дар баробари бохабар шудан аз ҳолу аҳволи якдигар аз фаъолияти имрӯзинаи милитсия хубтар огоҳ шавем. Ҳамчунин таҷрибаи дар мақомот андухтаамонро ба кормандони ҷавон омӯзонида дар тарбия ва камолоти касбии онҳо саҳм гирем. Қудрати тавонои мақомоти корҳои дохилӣ борҳо собит намудааст, ки дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша муваффақ аст ва рисолати худро бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Мақоли маъмули «Милитсияи ман ҳимоятгари ман» тасодуфан ба вуҷуд наомадааст. Ин натиҷаи эътимоду боварии мардум ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Бигзор ба таври ҳамешагӣ ҳамин тавр боқӣ монад. Мардуми сарзамин ва давлату Ҳукумат ба фаъолияти милитсия эътимод дошта бошанд, иброз дошт А.Ғозиев. Дар илова аз ҳампешагони худ даъват ба амал овард, ки кӯшиш намоянд то ин, ки чунин боварӣ боз ҳам устувортар гардад.
Тавре собиқадори милитсия Ш.Умаров қайд намуд: «Вақте милитсия дар ҷодаи худ, яъне таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва даҳҳо дигар самтҳои фаъолият муваффақ аст, суботу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор ва манфиатҳои давлату ҷомеа ҳифз мешаванд. Собиқадорон ба нерӯи тавонои ҳар яки шумо бовар доранд. Шумо идомадиҳандаи касби пурифтихоред, ки замоне мо низ фаъолият доштем. Бо баромадан ба нафақа ҳарчанд зиндагии мо маҷрои дигар гирифт, аммо ҷисману руҳан мо ҳамеша бо милитсия будем, ҳастем ва хоҳем монд. Ва баҳри таъмини амнияту субот ва гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон қувваи худро дареғ нахоҳем дошт».

Дар ҷараёни мулоқот собиқадорон хотираҳои худро ба ҷавонон нақл намуда бо овардани мисолҳои воқеӣ аз фаъолияти хизматӣ, чигуна кушодани гиреҳи ҷиноятҳои вазнин, натиҷабахш амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар самтҳои милитсия дастур доданд.
Суҳбат бо нафароне, ки ҳамаи пайроҳаҳои касбиро гузашта бо муваффақият ба халқу Ватан хизмат кардаанд, ба иштирокчиёни чорабинӣ нерӯи тоза бахшид.
Акбар Шарифов, капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика