Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Самаранокии фаъолият бештар мегардад!

1 март - Рӯзи таъсисёбии СМИТ

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилии кишвар ба дастовардҳои нав ба нав ва дар тамоми самтҳои фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, садҳо бинову иншооти муосир бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва шароити кориву иҷтимоии кормандон беҳтар гардидааст.
Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ (СМИТ) яке аз ниҳодҳои пешбарандаи самти фаъолият ба ҳисоб рафта, иҷроиши басо корҳои муҳиму зарурии сохторро ба зимма дорад. Бо мурури замон аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз ин ниҳод аз як шуъбаи ахборотдиҳии иборат аз шуъбачаҳои бақайдгирии статистикӣ, судӣ назоратӣ ва бойгонӣ, ки дар он аз 6 то 20 нафар корманд фаъолият менамуданд, бо васеъ гардидани самти фаъолият ин бахш ба як сохтори хеле муҳим табдил ёфт.


Бояд қайд кард, ки аз санаи 11-уми январи соли 2012 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро "Оид ба ворид намудани тағйиротҳои ташкилию воҳидӣ" Раёсати ахборотдиҳии ВКД ба СМИТ табдили ном карда, имрӯз ин ниҳод ба як воҳиди боэътимоду пуриқтидор мубаддал гардидааст.
Барои пурратар воқиф гардидан аз фаъолияти имрӯзи он, бо сардори СМИТ, полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон ҳамсуҳбат гардидем.
Рафиқ полковник, мегуфтед имрӯз самти пешбурди фаъолияти Сармарказ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Бояд қайд кард, ки СМИТ фаъолияти худро тибқи Конститутсия, Қонун "Дар бораи милитсия", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД ва Низомномаи СМИТ ба роҳ мондааст.
Инчунин, дар асоси Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ, бо мақсади ба танзим даровардани равандҳои ташкилӣ-усулии бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ, кори бойгонӣ, шаклҳои омории ҳисоботҳои давлатӣ, ташаккулдиҳӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои автоматикунонидашудаи маълумотдиҳии истифодаи умумӣ ва бонкҳои интегратсияшудаи маълумотҳо, бо ҳадафи ташкил намудани фаъолияти мақсаднок ва самараноки СМИТ дар асоси вазифа ва ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, тибқи талаботи банди 2, моддаи 22-и Қонун "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва дар асоси банди 12-и "Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Низомномаи СМИТ тасдиқ гардидааст, пешбурди самти фаъолият ба роҳ монда шудааст.


Фаъолияти кормандонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Риояи бечунучарои қонуният, истифодаи тавсияҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи техникаи ҳисоббарор, якҷоякунии дар шакли машваратӣ баррасии масъалаҳои фаъолияти хизматӣ, ҳудудгузории аниқи уҳдадориҳои вазифавии кормандон дар самтҳои вобастакардашуда назди масъулин дар мадди аввал меистад. Метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як корманд вазифаи ба зиммадоштаашро дар доираи фаъолият хуб ба роҳ мондааст ва дар пешбурди самти худ кӯшиш менамояд, ки талаботи роҳбариятро дуруст ва саривақт иҷро намоянд.
СМИТ аз Маркази оморӣ ва назоратӣ; Маркази маълумотдиҳии оперативӣ; Маркази ҳисоббарорӣ ва шуъбачаҳои фондҳои махсус ва бойгониву котибот иборат буда, инчунин дар РВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Рашту ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб ҳар як марказ дар самти фаъолияти худ, аз қабили ҷамъоварӣ ва таъмини маълумоти оморӣ, маълумотдиҳии оперативӣ, кофтуковӣ ва бойгонӣ, банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, ташкилӣ-усулии равандҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ, кори бойгонӣ, шаклҳои омории ҳисоботҳои давлатӣ, ташаккулдиҳӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои автоматикунонидашудаи маълумотдиҳии истифодаи умумӣ ва бонкҳои интегратсияшудаи маълумотҳо дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ намуда истодаанд.
Ҳамкориҳои ниҳод бо дигар воҳидҳои ВКД ва сохторҳои қудративу корхонаву идораҳои давлатӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?


- СМИТ дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар боло қайд намудем, робита ва ҳамкориҳои густурдаи худро бо раёсатҳо, хадамотҳо, марказҳо ва шуъбаҳои ВКД, РВКД дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маълумотҳои дахлдор бо корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ хуб ба роҳ мондааст.
Дар пешбурди самти фаъолият ба чӣ дастовардҳо ноил гардидед?
- Бале, дар ин самт СМИТ назар ба солҳои қаблӣ пешравиҳои назаррас дорад. Маҳз бо дастгириву кӯшишҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сармарказ ва воҳидҳои он дар минтақаҳо аз таъмиру тармими замонавӣ бароварда шуда, бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Шароити корӣ ва маишии кормандон таъмин гардид, ҳуҷҷатгузориву қабули шаҳрвандон дуруст ба роҳ монда шуд. Инчунин, васл гардонидани Сармарказ бо таҷҳизоти техникӣ, ташкил кардани махзани электронии маълумот оид ба шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ва пайваст гардидани марказҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ дар вилоятҳо ва минтақаҳо амалӣ карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тӯли фаъолияти СМИТ аввалин маротиба курсантони Академияи ВКД барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Имсол 12 нафар хатмкунандагони Академия таҷрибаомӯзии худро дар ин ниҳод мегузаранд, ки ин барои омода гардидани мутахассисони соҳа мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин барои дуруст ба роҳ мондану самаранок гардидани фаъолияти кормандон 17 ҷойи кории иловагӣ электронӣ таъсис дода шудааст, ки дар пешбурди самти фаъолияташон мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, моҳи январи соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбарияти СМИТ дар мавзӯи "Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №676 аз 22 декабри соли 2009 "Дар бораи тасдиқи "Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда" ва фароиши якҷоя дар бораи масоили мубрами интизоми бақайдгирию баҳисобгирӣ аз 25 феврали соли 2010" мизи мудаввар гузаронида шуд, ки дар он роҳбарият ва масъулини ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуданд.
Дар умум, имрӯз тамоми самтҳои фаъолияти Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсии ниҳод кӯшиш менамоянд вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намоянд.
Ташаккур барои суҳбати самимиатон, мо низ ба тамоми ҳайати шахсии ниҳод ва воҳидҳои поёнии он барори кор ва пешравиҳо таманно менамоем!
Мусоҳиб Раҷаббек ИЛЁСОВ 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    29.05.2020 08:41
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика