Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Собиқадорон - таҷрибаомӯзони насли ҷавон

 

Ҳаётро мактаби таҷриба мегӯянд, зеро шахс бо гузашти рӯзҳову солҳо аз ин дабистон дарси зиндагиву кор меомӯзад. Пирони корозмудаву рӯзгордида ҳамчун роҳнамои ҷавонону насли имрӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ба насли ҷавон роҳҳои муваффақу озмудашудаеро аз ҳаёту таҷрибаи амалии хеш биомӯзонанд ва ба ин васила, тавониста бошанд дар камолоти ояндасозони ҷомеа саҳмгузорӣ намоянд.
Ин аст, ки баҳри рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкориву пайвастагӣ бо ашхоси касбу кори гуногуну собиқадорону ҷавонон дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 76 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.
Яке аз ин созмонҳо Шӯрои собиқадорони ВКД мебошад. Фаъолияти ин шӯро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи собиқадорон" ва сиёсати давлатӣ нисбат ба собиқадорон, инчунин дар асоси талаботу дархостҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оиди ташкил ва гузаронидани ташвиқоту тарғиботи қаҳрамонон ва корнамоиҳои насли калонсоли мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар шӯрои мазкур 14393 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ истиқомат доранд. Аз инҳо, 2465 нафарашон собиқадороне мебошанд, ки 25 сол ва зиёда аз он дар мақомот хизмат намудаанд ва 11631 нафар нафақахӯроне мебошанд, ки аз 25 сол камтар дар ВКД хизмат кардаанд. Ҳамчунин, аз шумораи умумии собиқадорони милитсия 11 нафарашон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мебошанд. Ҳамзамон, 341 нафар ҷанговарони башардӯст, 7 нафар иштирокчии ҷанги Венгрия, 4 нафар иштирокчии ҷанги Чехословакия ва 8 нафари дигарашон дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ кор кардаанд.
Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, супоришу дастурҳои роҳбарияти ВКД ва нақшаи корӣ амал менамоянд ва таъмини дастуру супоришҳоро оиди истифодаи таҷрибаи бойи собиқадорони ВКД дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба ватан ва Савганди хизматӣ як қатор чорабиниҳои мушаххасро амалӣ намудаанд.
Аз ҷумла, аъзои Шӯрои собиқадорон дар арафаи иду ҷашнҳо дар раёсат ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ мулоқоту вохӯриҳо мегузаронанд. Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ВКД, полковники мустаъфӣ Изатулло Шарипов дар суҳбат бо мо иброз намуд, дар ҳар як вохӯрӣ ба ҳайати шахсӣ оиди ҳамкорӣ бо нафақахӯрону ҷавонон дар самти муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ ва тарбияи насли ҷавони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаҳмонида мешавад. Инчунин, аз сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади дастгирии моддӣ ва маънавӣ ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва оилаҳои кормандоне ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, робитаи хешро боз ҳам мустаҳкам намоянд. Зеро дар тарбияи насли ҷавони кормандони милитсия собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ҳамаи вохӯриҳое, ки аз тарафи роҳбарият ва аъзои шӯро дар раёсатҳо ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар мавзӯъҳои қаҳрамонии насли калонсол дар ҳимояи Ватан, саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва садоқат ба савганд гузаронида мешаванд, собиқадорони соҳа ҷавононро ба ростқавлӣ, ватандӯстӣ, росткорӣ, интизоми баланд, ҳангоми фаъолияти хизматӣ даст назадан ба қонуншиканиҳо тарғиб мекунанд.
Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ВКД барои рӯҳбаландсозии собиқадорони ҷангу меҳнат кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад. Чунин ғамхорӣ ба собиқадорони ҶБВ ва оилаҳои бесарубонмонда ҳамеша дар маркази диққати роҳбарият қарор дорад. Ин аст, ки дар шаш моҳи аввали соли равон ба 19 нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки синнашон аз 60 то 90-сола ва собиқаи хизматии зиёда аз 25-сола доранд, ба ҳар нафарашон ба маблағи 300-сомонигӣ кӯмакпулии яквақтаина расонида шудааст.
Сиҳативу саломатии собиқадору нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД қарор дорад. Бо назардошти ин нукта дар давоми соли ҷорӣ 805 нафар нафақахӯрон барои табобат ба Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД муроҷиат карданд. 134 нафарашон саломатии худро дар шароити хеле хуб ва хизматрасонии олӣ барқарор намуданд. 671 нафар табобати амбулаторӣ, 5 нафар собиқадорон дар табобатгоҳи "Баҳористон", 1 нафар дар табобатгоҳи Уротеппа табобат гирифтанд.
Аз суҳбат бо полковники мустаъфӣ Изатулло Шарипов маълум гардид, ки минбаъд низ аъзои шӯро тамоми кӯшишу ғайрату фаъолияти худро баҳри дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ садоқат ба ватану савганд ва адои қарзи фарзандии худ дар назди халқу ҷомеа тарбия намудани кормандони ҷавон равона мекунанд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ, Наврӯз ҶОБИРОВ




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика