Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БО ИРОДАЮ БОЗУВОНИ ФӮЛОДИН

 

Шоҳмирзо дар оилаи Ҳалим, ки бо тақозои таъмини аҳли оила ба деҳқонӣ, боғдорӣ ва шикорчигӣ машғул буд, дар деҳаи Маликони ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Ӯ мутаассифона падарашро дар ёд надошт, зеро ҳангоми 1-1,5-солагиаш падараш аз дунё гузашта буд. Аз шароити душвори замон бо заҳмат модари бечора ӯро калон кард. Ҳарчанд аз тарбия ва дидори қиблагоҳ Шоҳмирзо барвақт маҳрум гардид, аммо хислатҳои беҳтарини падар ба ӯ ҳамчун ба мерос гузошта буданд. Чун зодаи кӯҳистон, қомату бозуи паҳлавононаи ӯ аз рӯзҳои аввал айён буд. Ҷисми паҳлавононаи ӯро зиндагӣ обутоб дода, боқувваттар менамуд. Аз ҳамин ҷост қиссаи достони оҳанини Шоҳмирзо. Туфайли ин бозувон дар маъракаҳои гӯштингирӣ ғолиб омада, маҳбуб мегашт ва ҳаргиз ба лавҳи хотираш намеомад, ки ин ҳама машқу замимаест барои касбу кори оянда. Мерасад рӯзе, ки бо ин дастони оҳанин садди роҳи роҳзанҳо, ҷинояткорон ва масту авбошҳо гардида, дар хизмати халқ мешавад.
Шоҳмирзо аз синни 8-солагӣ бо мақсади таъмин кардани рӯзгори модар мардикориро пеш гирифт. Дар 10-12-солагӣ шуҳрати паҳлавониаш то деҳаҳои гирду атроф паҳн гашт. Дар 20-25-солагӣ ҳамчун паҳлавони номӣ дар ноҳияҳои Балҷувон, Кангурт, Қизил-Мазор шуҳрат касб кард. Ин ҳама боис гардид, ки дар 23-солагӣ ба Шоҳмирзои тануманд роҳбаладии корвони бори хоҷагии ноҳияро бовар карданд, ки бесабаб набуд. Корвони онҳо бо борҳои меваю ғалладонагӣ ба ноҳияи Сарой-Камар рафта, аз он ҷо равғани хӯрданӣ, карасин ва ғайра гирифта, ба Балҷувон меоварданд.
Шоҳмирзои ҷавон солҳои 1925-1935 дар ҳайати отряди ихтиёрии комсомолии милитсияи халқӣ, ки тақозои давру замони пуршӯр буд, дохил гардида, дар муқовимат бо роҳзанҳо, босмачиҳо ва дигар унсурҳои бадхоҳи сохти нави Шӯравӣ фаъолона ширкат меварзид. Бо некӣ аз ғамхорию меҳрубонии роҳбари даста Қосим Тоиров борҳо ба дӯстону фарзандон нақлҳо менамуд. Сурат, ҷасурию чолокӣ ва дигар хислатҳои беҳтаринашро ба инобат гирифта, ӯро ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балҷувон ба кор даъват менамоянд. Баъди чанд соли фаъолияти пурсамар дар сафи милитсия Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Шоҳмирзои хунаш дар ҷӯш ва кайҳо сарбози тайёр кӯшиши ба фронт рафтан мекунад, вале он айём ақибгоҳ ҳам на камтар муҳим аз майдони ҷанг буд. Бахусус, бе ҳомиёни қонуну тартибот дар ақибгоҳ кору зиндагӣ кардан ҳеҷ мумкин набуд. Ҳанӯз ҳам дуздону ғоратгарон, ашхоси аз ҷанг ҳаросидаву гурехта ба мардуми бе ин ҳам бечора ҷабр менамуданд. Ба ғорати моли онҳо машғул мешуданд. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, дар ақибгоҳ милитсионерҳое, ки кори ду-се нафарро уҳда карда метавонистанд, чун обу ҳаво зарур буданд. Шоҳмирзои қавипайкару сахтирода ба ин мувофиқ буд. Ҳамин тариқ, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҳушёрии синфиро аз даст надода, хизмат мекард. Хиҷолати дар ҷанг бевосита иштирок карда натавонистанашро дар мубориза бо бадхоҳони халқ мебаровард.
Соли 1950 оилаи Ҳалимовҳо ба ноҳияи Фархор кӯчида омаданд. Бинои ШВКД дар ҷойи ҳозираи қисми оташнишонии имрӯзаи ноҳия қарор дошт. Ш. Ҳалимов хизматро дар сафи милитсияи ин ноҳияи сарҳадӣ идома дод. Бо душвориҳо ва хусусиятҳои хоси минтақаи сарҳадӣ, сермиллату халқияти ноҳия нигоҳ накарда, таҷрибаю обутоби пешина Ҳалимовро миёни аҳолӣ ва ҳамкасбон зуд маҳбуб гардонд ва ин маҳбубияти ӯву чанд тани ӯ баринҳо саҳл муяссар намегардид. Бемуҳобот, шуҳрати касбие, ки Ш. Ҳалимов, Давлат Ҳошимов, Сафаралӣ Шарифов, Сайдалӣ Сафаров, Қурбон Абдуллоев, Сайвалӣ Сайдалиев доштанд, ҳудуд надошт. То ба имрӯз қиссаи меҳнат ва хизмати содиқонаи онҳо аз даҳон ба даҳон мегузарад. Гап сари он аст, ки аксари ин милитсионерҳои номӣ дастпарвари мактаби зиндагӣ мебошанд. Бо ин ҳама на танҳо шабу рӯз монда нашуда, дар хизмати халқ буданд, балки рисолати мураббигӣ ба кормандони ҷавонро низ иҷро мекарданд. Ҷойи таҷрибаомӯзии онҳо зиндагии ҳаррӯза маҳсуб меёфт. Мардуми ноҳия, бахусус бо будани Ҳалимов ва Ҳошимов барин хизматчиён хотирҷамъ буданд. Бовар доштанд, ки саросари ноҳия барои онҳо баробари хонаҳои худашон азиз аст.
- Бо устодамон Ҳалимов ба ҳар амалиёте, ки мерафтем, диламон пур буд, - ба ёд меорад яке аз шогирдони Ш. Ҳалимов Сайвалӣ Сайдалиев, ки бо рутбаи майори милитсия ба нафақа баромада, алҳол сардори бахши посбонии корхонаи коркарди пахтаи "Зиёратшоҳ"-и ноҳияро ба уҳда дорад.
Корномаҳои нав ба нави тавъам бо садоқати касбии Ш. Ҳалимов аз даҳон ба даҳон мегузашт. Обрӯйи ӯро миёни роҳбарону халқ болотар мебардошт, ҳарчанд худаш ин ҳамаро ба хотири машҳур гардидану мукофоте пешакӣ тарҳрезӣ намекард. Ҳар рӯзро бо қаноатмандӣ аз худ ҷамъбаст намудан шиори ӯ буд.
Мавриди дигар боз ҳамон Сайвалӣ Сайдалиев нақл мекунад: - Он солҳо дар ноҳияи Фархор ҳама миллату халқиятҳои гуногуни бо хислату мизоҷҳои мухталиф кору зиндагӣ мекарданд. Ин заҳмату масъулият ва рӯҳияшиносиву кордонии даҳчандро тақозо мекард. Иванов ном ҷавонмарди паҳлавонпайкару қавибозуи рус низ буд, ки касе дар қувва ба ӯ баробар шуда наметавонист. Ҷое, ки Иванов пайдо мегардид, дигарон ё ба ӯ сари итоат фуруд меоварданд, ё ноаён ғайб мезаданд. Аз ин рӯ, гоҳ-гоҳ чанд тан якҷо шуда, бо Иванов дар занозанӣ мешуданд, ки низ камоли ҷавонмардӣ буда наметавонист. Ҳалимов, ки хулқу атвори ҳамаи сокинони ноҳияро хуб омӯхта буд, дурандешона амал мекард. Ҳар гоҳе Ивановро дар ҳолати ҳатто андаке мадҳушӣ медид, гирифта ё ба ҳушёрхона меовард ё ба хона мебурд. Аслан, Иванов ҷавони бад набуд. Ӯро бештар дигар заифмиҷозон ба шӯр меоварданд, шикастанӣ мешуданд. Чун ба ҷон меомад, менӯшиду чун шери жаён ба хурӯш меомад. Кор то ба кордкашӣ рафта мерасид. Ягона милитсионере, ки Иванов дар назди ӯ оҷиз мемонд, Шоҳмирзо буд. Дар ҳолатҳои набудани Ш. Ҳалимов мо, дигар кормандонро аз Иванов ғам мегирифт. Ҳатто зӯри се-чор нафар милитсионер ҳам ба Иванов намерасид. Дар ибтидо Иванови худписанд старшина Шоҳмирзоро ба ҷанги тан ба тани мардона даъват ҳам карда буд. "Эҳтиром"-аш низ аз ҳамин ҷост. Тавре мегӯянд, "гург дар қапқон афтод, рӯбоҳ мешавад". Барои Шоҳмирзо муҳимаш доштани дасти ҳар гуна ҳариф буд.
Бегоҳие ҳамроҳи устодам Шоҳмирзо дар кӯчаҳои шаҳрак ба навбатдорӣ машғул будем, ки аз рӯ ба рӯямон ҳамон Иванови мегуфтагӣ баромад. Бо эҳтиром бо мо дасти салом шуд. Самимона ба хотири эҳтиром ба Шоҳмирзо, моро ба ошхона даъват кард. Изҳор намуд, ки мехоҳад ӯро зиёфат диҳад. Пири кор ба самимияти суханҳои "ҷӯра"-и деринааш бовар карда фаҳмонд, ки "мо, милитсионерҳо ҳам аз осмон афтодагӣ нестем. Ба касе бадӣ намехоҳем. Баръакс, хоҳони тинҷию оромии ҳар як хонадонем. Мо ҳам аз оилаҳои одамони оддию меҳнатӣ баромада, дар хизмати ҷамъият қарор дорем. Тайёрем бо ҳама ҳамнишину ҳамроз бошем. Сухани туро низ ба замин намемонем, вагарна маълум, ки ба иззати нафсат мерасидагӣ барин". Суҳбаткунон вориди ошхонаи тобистона гашта, қариб як соат хӯрокхӯрон бо ҳам дар суҳбат шудем. Ба исрори старшина Шоҳмирзо нигоҳ накарда, Иванов аз рӯйи одати русии "пулро таклифкарда месупорад", ҳаққи ошхонаро ҳисобӣ намуд. Аз ошхона баромад, то қарибиҳои кӯчаи Сино, ки Иванов мезист, суҳбаткунон рафтем.
- Ман ба доногии Шумо қоил. Дониста маро ба хона гусел кардед, ки дар кӯчаҳо гашта, занозание накунам-а?. Ба ҳар ҳол ташаккур! - завқида гуфт Иванов.
- Иванов! Агар мо ба ту бовар намекардем, ба таклифи ту розӣ намешудем. Дар кӯчаҳо "сайр" кардан бошад, ин кори муқаррарии навбатдории мост. Дар масъалаи беадабӣ бошад, то ҳол беадабе ба мақсад нарасидааст, - фаҳмонд дар ҷавоб ба Иванов Ҳалимов.
Вале чӣ мегӯед, ки рӯзи дигар хабар расид, ки дар майдончаи рақси боғи маданияту истироҳат задухӯрди сахте рафта истодааст. Старшина Шоҳмирзо бо оҳистагӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанро дӯст намедошт… Дар ҷойи ҳодиса чанд нафар хунолуду беҳол болои замин мехобиданд. Иванов ҳамоно арросзанон машғули мушту лагадзанӣ буд, вале ба нохост дасти тавоное дасти пурзӯри ӯро дар ҳаво муаллақ дошт ва ба пушташ тоб дод, ин дастони Шоҳмирзо буд, ки Иванов ба ҷузъ итоат илоҷи дигар надошт. Дар роҳи ҷониби шуъбаи милитсия Иванов аз дард доду фиғон бардошта, нишасту суҳбати дирӯзаро пеши рӯ меовард. "О, дина, ман Шуморо зиёфат додаму имрӯз маро ба шуъбаи милитсия мебарӣ!" - мегуфт. Ҳалимов бошад, ба як дасташ дастони Иванови зӯрмандро дошта, бо дасти дигараш шаҳодатномаи хизматиашро аз киса баровард. Аз байни он панҷсӯмаеро бароварда, ба пешкиссаи куртаи Иванов гузошт ва фаҳмонд, ки ин пули таомҳои якҷояхӯрдаи дирӯза мебошад, ки Иванов ҳисобӣ карда буд.
Ман гумон кардам, ки бо ин қадар ҷуссаву пурзӯрӣ, дар ҳақиқат ту мард ҳастӣ, вале иштибоҳ карда будам. Аз рӯйи фаросат ту заифмиҷоз будаӣ, - илова кард.
Иванов бошад, понздаҳ шабонарӯз дар шуъбаи милитсия нигоҳ дошта шуд. Баъди баромадан наздики як моҳ бе ягон "корнамоӣ" зиста, аз шарму хиҷолат умрбод ноҳияро тарк намуд. Вақти хайрухуш сархамона изҳор намуд, ки баъди он рӯйдод дигар рӯяш дуд мекунад, ки рӯ ба рӯ бо Ҳалимов ояд.
Бо ҳамин минвол афсарони содиқи милитсия Давлат Ҳошимов, Шоҳмирзо Ҳалимов баринҳо дар ошкор ва дастгир намудани чандин "фантамас"-у "тарзан"-ҳои маҳаллӣ баъди намоиши чунин кинофилмҳо ҳиссагузор буданд, ки ҷасорату кордонии онҳо аз чунин кинофилмҳо кам шавқовартару судмандтар нестанд. Бахусус, барои насли имрӯзаи мақомоти интизомии Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Дар солҳои пурташвишу пурталотум синну соли аслии Ш. Ҳалимов чанд сол ҷавонтар ҳуҷҷатгузорӣ гардида буд. Тақрибан овони ҳафтодсолагиаш пири кор ба шогирдаш С. Сайдалиев борҳо ҳасрат намудааст, ки пир шудаасту нафақа баромадан намемонанд. Мегӯянд, ки ҳоло бақувват ҳастӣ, дар бари мо меистӣ, вале натиҷаҳои корам бар асари пирӣ ба худам маъқул нест.
Чун дид, ки намешавад, тадбиреро пеш гирифт. Баъди оне, ки аризаашро бо исрори сардори ШВКД-и ноҳия Тӯраев дар кадрҳо қабул накарданд, дар госпитали милитсия рафта хоб кард. Баъди як моҳ ҳолати ӯро дуруст баҳогузорӣ намуда, ноилоҷ барои ба нафақа баромадани пири соҳаи милитсия розигӣ доданд, вале то рӯзҳои дар по рост будан, Шоҳмирзо маслиҳатгари ҷавонон буд. То ба имрӯз номи неки ӯ аз даҳони ҳамкасбон, мардуми ноҳия нарафтааст. Дар баробари корманди ҳақиқии милитсия Ш. Ҳалимовро чун як инсони хайрхоҳ, деҳқони меҳнатдӯст, ҳамсару падари ғамхор дар хотир доранд.
Шоҳмирзо соли 1969 ба нафақа баромада, то 16-уми апрели соли 2002 дар қайди ҳаёт буд. Аз ӯ фарзандони солеҳ: Файзулло, Сайфулло, Холбӣ, Абдуалим, Холмоҳ, Маърифат, Оимхол, Низорамоҳ ва Ҷамила чун номбардорони падар имрӯз кору зиндагӣ доранд. Писараш Файзулло Ҳалимов муддати сӣ сол дар пайравӣ бо падараш дар соҳаи милитсия кор карда, бо рутбаи подполковники милитсия айни ҳол давлати пирӣ меронад. Шояд гӯянд, ки дигар чӣ ҳоҷати ситоиши онҳое, ки кайҳо дар олам нестанд? Вале бояд гуфт, ки гузаштаро эътибор надодан, баробари куркурона роҳ паймудан аст. Шахси нобино бошад, дур рафта наметавонад. Дигар ин, ки новобаста аз хоҳиши мо кори неку номи нек ҷовидонист!
Чуноне кору номи неки бобои милитсионери мо, Шоҳмирзо марде бо иродаву бозувони фӯлодин ҳанӯз ҳам барҷост!
Оинаи ин давлати бедорӣ, милиса,
Масъулияти беш ба дӯш дорӣ, милиса.
Фарзанди вафодори Ватан-Модару Миллат,
Содиқ бимонӣ ба вафодорӣ, милиса.
Ф. ҲАЛИМЗОДА, подполковники хизмати дохилӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика