Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дафтари рӯзгори пур аз пайкор

 

Мардиву ҳиммат ҳамеша бо ман аст,
Илму дониш ёвари кори ман аст.
Лонаи тоҷик ҳимоят мекунам,
Интизом дар мулк назорат мекунам.
Ин гуфтаҳоро метавон бевосита ба муаллифи доимии гӯшаи "Нақли як ҳодиса"-и ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа", корманди кордидаву пуртаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ Боҳтурхон Рустамов ташбеҳ дод, зеро фидокориву ҷоннисорӣ, содиқ будан ба касби интихобнамудаву Савганд ва саҳмгузории милитсияи тоҷик дар давраҳои ниҳоят мушкили таърихӣ, замони барқарорсозии сохти конститутсионӣ ин гуна шахсонро ба ҷодаи милитсияи тоҷик муаррифӣ намуд.
Дар солҳои нобасомониву амалҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ ва ҷаҳолати гурӯҳҳои гумроҳ маҳз роҳбарони оқилу дурандеш, инчунин кормандони милитсия тавонистанд, ки зиштиву нофаҳмиҳоро аз байн бурда, вазъиятро ба эътидол дароранд. Дар ин росто, кӯшишу ғайрати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бахусус дар батанзимдарории тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дастгиру безарар гардонидани шахсон ва гурӯҳҳои иртиҷоиву ҷинояткор хеле зиёд аст.
Имрӯзҳо бошад, корозмудагон ва собиқадорони ВКД мекӯшанд то ки ба воситаи баргузории вохӯрию баромадҳо тамоми донишу малака ва маҳорати касбии худро ба насли ҷавони милитсияи тоҷик қисса намуда, таҷрибаи пурғановати солҳо андӯхтаи худро ба ҷавонони навроҳи мақомоти корҳои дохилӣ омӯзанд.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо, полковники мустаъфӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ВКД, дорандаи якчанд нишону медалҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла дорандаи Ордени Спитамен, шахси боистеъдоду лаёқатманд, ки тӯли чандин сол дар вазифаҳои масъулиятноку роҳбарикунанда фаъолият намудаву дар таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва дар ҳифзи сохти конститутсионӣ саҳм гузоштааст, Боҳтурхон Рустамов мебошад. Ин марди шуҷоъву далер соли 1952 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Меҳри меҳан, муҳаббати ҳамдиёрон, воқиф будан аз ҳолу аҳволи аҳолӣ ӯро водор сохт то касбу кореро пеша намояд, ки дар байни халқ бошад. Ба қавле "Зи мардум зодаӣ бо мардумон бош!"-ро шиори амалию доимии худ қарор дода, баъд аз адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Мактаби махсуси милитсияи шаҳри Душанберо хатм намуд ва сипас, ба ҳайси нозири минтақавии милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр)-и шаҳри Душанбе фаъолиятро шурӯъ кард.
Кор дар маркази ҷумҳурӣ - пойтахт, аз корманди милитсия, хусусан аз нозири минтақавӣ хушёриву зиракӣ, кордониву соҳибмалака буданро талаб менамояд, зеро дар шаҳри Душанбе намояндагони ҳар гуна халқу миллатҳо аз минтақа ва шаҳру навоҳии гуногун рафтуову кору зиндагӣ менамоянд ва бо ҳар як корафтода, ҳуқуқвайронкунандаву ҷинояткор "забон ёфтан" ва рафтору кирдори мухталифу фаъолияти махсус лозим меояд. Бале, қаҳрамони нигоштаи мо низ тавониста аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон диҳад ва боварии халқро сазовор гардад. Ҳамчунин, баҳри сайқал додани донишу таҷриба Боҳтурхон Рустамов Донишгоҳи олии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро низ бомуваффақият хатм намудааст. Ӯ дар идомаи фаъолияти корӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба вазифаҳои боз ҳам масъулиятноку роҳбарикунанда таъин гардида, тавонист дар давоми кору фаъолият обрӯву нуфузи кории худро баланд бардошта, ҳамчун корманди намунавӣ шинохта шавад.
Аз он ҷумла: Дар қисми навбатдории ШВКД, сардори қисми навбатдории РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини командири полки пайроҳадории пойтахт, командири ҳамин полк, сардори ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод, муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон, муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода, муовини сардори раёсат - сардори ШВКД дар минтақаи Кӯлоб адои хизмат намудааст.
Нуктаи муҳими дигарро бояд қайд кард, ки айни замон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр шогирдони Боҳтурхон Рустамов дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд.
Дар оянда ба Боҳтурхон Рустамов дар таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони милитсия ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кори мақомоти корҳои дохилӣ барору комёбӣ таманно менамоем.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика