Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Пайроҳаи хизмат

 

Шомухтор Умаров пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Суфи Орифи ноҳияи Истаравшан соли 1970 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1972 дар шаҳри Мангишлақи Ҷумҳурии Қазоқистон хизмат намуд. Сипас, ба мактаби миёнаи махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дохил шуда, соли 1974 онро бомуваффақият хатм кард.
Бо роҳхати роҳбарияти ВКД, ӯро барои кор ба Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуданд. Шомухтор барои давом додани таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи маълумоташ соли 1975 ба шуъбаи ғоибонаи Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошканд дохил шуда, онро соли 1980 хатм намуд. Пас аз хатми ин донишкада соли 1980 роҳбарияти ВКД ӯро ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Турсунзода таъин намуданд ва ӯ дар ин вазифа то соли 1983 кор кард.
Соли 1983 ба Академияи ВКД-и Шӯравӣ дохил шуда, соли 1985 онро бомуваффақият хатм намуда, бо сари баланд ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвон фаъолият намуд.
Соли 1989 дар вилояти Суғд шуъбаи нави ВКД ташкил карда шуд. Таҷрибаи бой, маҳорати касбӣ ва малакаи Шомухторро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи сардори Шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар ин вилоят таъин намуданд ва то соли 1990 дар ин вазифа адои хизмат намуд.
Солҳои 1990-1994 вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Конибодомро ба уҳда дошт. Соли 1994 ӯро ба вазифаи сардори кафедраи фанҳои махсуси факултети 4-уми Академияи ВКД таъин карданд.
Дар рафти кор дар Академия ба шунавандагон нозукиҳои корбарӣ ва хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро омӯзонд. Ҳоло дастпарварони ӯ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ хизмат намуда, аз устоди худ сипосгузоранд.
Моҳи апрели соли 2002 бошад, қаҳрамони нигоштаҳои мо ба вазифаи сардори ШНТ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъин шуд ва то моҳи июли 2005 дар ин вазифа хизмат намуда, баъдан ба нафақа баромад.
Дар давраи хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ барои хизматҳои беназир ва шоён бо ордену медалҳо, ифтихорномаву сипосномаҳо, туҳфаҳои гуногун қадрдонӣ карда шудааст.
Тоҳир НАЗАРОВ




Рӯйдодҳо

  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

    Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар ....

    17.01.2020 09:44
  • Тақаллубкорӣ бо баҳонаи тиҷорат

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини ҷамоати ....

    17.01.2020 08:53
  • Дуздии чорво аз чарогоҳ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    16.01.2020 09:17
  • Пахши пиёдагард дар ноҳияи Дӯстӣ

    Рӯзи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2020 09:16
  • Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

    Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ....

    15.01.2020 14:17
  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи ....

    15.01.2020 10:57
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2020 10:56
  • Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    15.01.2020 10:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика