Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии судманд бо аҳли ҷомеа

155

Дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг вохӯрии сардори ШВКД дар ноҳияи мазкур подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон Амридин бо аҳли ҷамоатчӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.154
Зимни суханронӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амридинзода Ҷ. оид ба масоили мубраму доғи ҷомеа, аз ҷумла, масъалаҳои таълиму тарбияи ноболиғон, наврасону ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа изҳори андеша намуд.
Таъкид гардид, ки риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат гирифта шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ боз ҳам рушду густариш меёбанд.
Чанд нафар аз омӯзгорон ва фаъолони маҳаллаҳо ба сухан баромада, кору фаъолияти кормандони милитсияро дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ қобили қабул арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо саъю кӯшиши кормандони милитсия ва ҳамкории зич бо аҳолӣ метавон пеши роҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятҳоро гирифта, фазои сулҳу амнияти кишварро поянда нигаҳ дошт.
Дар хотима аз ҷониби ширкаткунандагон барои чунин вохӯрии судманд, ки ба хотири сарҷамъии мардум, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияту оромӣ доир гардид, изҳори миннатдорӣ карда шуд.




Рӯйдодҳо

  • Курси “Малакаи роҳбарӣ” дар Академияи ВКД

    Зан дар таърихи инсоният аз оғози пайдоиши худ заминаҳои аввалинеро ....

    31.05.2023 13:33
  • Семинари омӯзишӣ барои кормандони самти оперативӣ

    29-уми май бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи ....

    31.05.2023 13:20
  • Ба ҳалокат расидани писарбачаи хурдсол дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

    30-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:25-дақиқа, ноболиғ Раҳмонов Исо ....

    31.05.2023 13:06
  • Боздошт гардидани марди қаллоб

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 55-солаи сокини ноҳияи ....

    31.05.2023 13:00
  • Ифшо гардидани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 63-солаи сокини шаҳри ....

    31.05.2023 12:54
  • Ошкор гардидани кидорҳои қаллобӣ

    Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ....

    30.05.2023 15:31
  • Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи ....

    30.05.2023 15:26
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи авбошӣ

    Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ....

    30.05.2023 15:21
  • Рух додани ду ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияҳои Ёвону А.Ҷомӣ

    26-уми майи соли 2023, тахминан соати 23:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    29.05.2023 16:13
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    29.05.2023 16:10
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Диққат! Аз гурӯҳи муташаккили қаллобон эҳтиёт шавед!

    Ба самъи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби ....

    17.12.2022 11:13
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    07.12.2022 09:38
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....

    29.11.2022 10:39
  • 

      Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    Qonun4

    © 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика