Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бо аҳолии минтақаи Кӯлоб

916

Лоиҳаи нави Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) тасдиқ ва дастгирӣ ёфтааст.
Мавриди қайд аст, ки рӯзи 25-уми июни соли 2020 Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб аз тарафи раиси Шӯрои мазкур тартиб дода шуд ва аз тарафи муовини сардори ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб мувофиқа карда шуд.
Рӯзи 6-уми июли соли 2020 Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии мазкур барои оғози амалисозии фаъолиятҳо аз тарафи Раиси Шӯро Шамсзода Зикриё тасдиқ гардид.
Мувофиқи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии назди ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб вохӯриҳо бо усули хона ба хона оиди пешгирии пандемияи КОВИД-19 (дар ҳар як ноҳия байни 20 оила) аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб бо маром идома ёфта истодааст.

917918

Ҳамин тариқ, рӯзи 13-уми июли соли равон аз тарафи аъзои Шӯрои мазкур Абдуллоева Фариштамо ва нозири минтақавӣ Бобиев Беҳрӯз дар ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Фархор байни 20 оила, санаи 14-уми июл дар ноҳияи Данғара аз тарафи аъзои дигари Шӯрои ҷамъиятӣ Қурбонов Бобохон ва нозири минтақавӣ байни 20 оила, санаи 14-уми июл ва рӯзи 16-уми июли соли равон дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз тарафи раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Шамсзода Зикриё ва нозири минтақавии ҷамоати шаҳрак Раҳимзода Назрулло байни 20 оила, дар ноҳияи Темурмалик аз тарафи аъзои ШҶ Кӯлоб Наврузов Қурбонали ва нозири минтақавӣ Шарифзода Комилҷон байни 20 оила ва рӯзи 21-уми июл аъзои ШҶ Кӯлоб Ситамов Қурбон дар якҷоягӣ бо нозири минтақавӣ Ҳафиззода Амрулло дар ҷамоати Абди Авазови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо усули хона ба хона оиди пешгирии пандемияи КОВИД-19 аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб ва нозирони милитсия ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни вохӯриҳо ба аҳолӣ фаҳмонида шуд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд, худ ва наздиконашонро аз ин вируси марговар эмин нигаҳ доранд. Инчунин ба аҳолӣ маводҳои ташвиқотӣ тақдим карда шуд. Чунин иқдоми нек то охири моҳи июл дома хоҳад ёфт.

919920921

Бояд қайд кард, ки Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилалии "Дунёи бехатар" (SAFERWORLD) ва бо мусоидати ташкилоти ҷамъиятии "Заршедабону" амалӣ гардида истодааст.
Гул Маҳбуба




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани 15 ҳолати дуздӣ

    Баъзе шахсони ҷиноятпеша пайваста даст ба кирдорҳои хилофи қонун мезананду ....

    28.01.2021 10:22
  • Дастгир гардидани модару духтар бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ....

    Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 32-солаи сокини ....

    28.01.2021 10:18
  • Боздошти марди 27-сола бо гумони дуздии 32-адад телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 28-солаи сокини ....

    28.01.2021 10:15
  • Ба ҳалокат расидани ронандаи мототсикл дар натиҷаи бархӯрд бо “Опел-Астра»

    Рӯзи 27-уми январи соли 2021, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи ....

    28.01.2021 10:13
  • Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани маблағи пулӣ ва телефони мобилӣ ....

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ....

    27.01.2021 10:33
  • Боздошти марди 27-сола бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ....

    27.01.2021 10:32
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    27.01.2021 10:29
  • Вазифаи аз ҳама муҳим - таъмини волоияти қонун ва тартиботи ....

    Рӯзи 26-уми январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ....

    26.01.2021 17:27
  • Тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ....

    Рӯзи 26-уми январи соли 2021 дар баробари дигар идораву муассисаҳои ....

    26.01.2021 17:25
  • Тамошои дастаҷамъонаи Паём бо иштироки кормандони милитсия дар Суғд

    Роҳбарият ва ҳайати шахсӣ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ....

    26.01.2021 17:24
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълони варзишӣ!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....

    09.01.2021 12:48
  • Баргузории озмуни "Тоҷикистон - хонаи ободи ман"

    Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    09.01.2021 12:27
  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonuni

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика