Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳунарманд ҳар ҷо ки равад, қадр бинад…

1007Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,

Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.

Тоҷикистони азиз бо вуҷуди ҷавон буданаш дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи махсуси худро пайдо намудааст. Дар ин росто, бемуболиға, метавон аз хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам, Сарвари тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии ин марди худодод, хислати дурандешиву сиёсати хирадмандона ва меҳру муҳаббати самимиаш ба халқу миллати тоҷик ба он сабаб гардид, ки халқи тоҷик дар муддати хеле кӯтоҳи таърих ба зиндагии осудаву шоиста ноил гардад.
Яке аз воситаҳои зинда гардонидани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён, инчунин такони ҷиддӣ бахшидан ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум эълон гардидани соли 2018 ба унвони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад. Вале азбаски барои пурра ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда буда наметавонад, бинобар ин, бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ » эълон карда шуд. Боиси тазаккур аст,ки ин ибтикори Пешвои муаззами миллат дар баробари тақвият бахшидан ба самтҳои зикршуда ҳамчунин қадами устуворест дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сайқал ёфтани арзишҳо ва рушди истеҳсоли асбоби рӯзгор бо нишонаҳои миллии тоҷикӣ. Бо ҳамин васила, мо метавонем ҷаҳониёнро бо тамаддуну фарҳанг ва ҳунарҳои қадимаи ин миллати куҳанбунёд ошно намуда, комёбиҳоямонро барои боз ҳам хубтар шиносонидани миллати тоҷик дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоем. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки хориҷиён солҳои охир ба фарҳанги қадима ва ҳунарҳои волои мардумони кишвари мо таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир намуда истодаанд. Биобар ин, ҳар як фарди бонангу ори Тоҷикистонро зарур аст, ки бо мақсади татбиқи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз касбу кор ва мансабу мақомаш, дар навбати худ муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу маданияти тоҷикон бошад. Дӯст доштани Ватан, эҳсоси худшиносии миллӣ, эҳтиром ва боло гузоштани манфиатҳои миллӣ, ифтихормандӣ аз давлату миллати худ-ин масъулияти аввалиндараҷаи шаҳрвандии мост. Агар ҳамаи ин ҳолатҳо дар инсони комил дар ҳоли коҳишёбӣ бошад, истиқлоияти миллӣ мустаҳкам гардида наметавонад. Осори гузаштагони миллати мо гувоҳи он аст, ки тоҷикон аз қадим соҳибҳунар, бофарҳанг, озода ва меҳнатдӯстанд. Дар тӯли таърих дар минтақаҳои тоҷикнишин ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд ёфта буданд. Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти урфу одат ва табиати макони зист, ҳунарҳои мардумӣ низ шаклбандӣ ва рушд мекардаанд. Ба кадом минтақаи Тоҷикистон назар наафканем, мебинем, ки мардуми он минтақа касбу ҳунарҳои хоси худро доранд. Аз ин рӯ, сайёҳоне, ки ба кишвари мо сафар менамоянд, бо дидани ин ҳунарҳо дар ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистони офтобрӯя, ғизои маънавӣ гирфта метавонанд. Оҳангарӣ, кордсозӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва садҳо ҳунару касбҳои дигареанд, ки маҳз хосси миллати мо буда, барои ҷаҳониён мавриди таваҷҷуҳанд. Ин аст, ки ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди касбу ҳунарҳои қадима ва барои дар ин самт расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда татбиқи тадбирҳои иловагии заруриро барои солҳои 2019-2021 дастуру пешниҳод намудаанд. Мо мутмаинем, ки ин дастуру пешниҳодҳои Сарвари давлат низ дар қатори дигар ташаббусҳояшон баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини моддии рӯзгори мардум, ҳамзамон барои ба ҷаҳониён шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳунармандону косибон мусоидат менамояд.
Сайёҳӣ ҳам, албатта, як воситаи ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, баландбардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ва муаррифгарӣ таъриху фарҳанг ва табиату анъанаҳои миллии ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Агар мо ба сафҳаҳои таърих назар афканем, мебинем, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар рушди санъат ва фарҳангу тамаддуни байналхалқӣ нақши назаррасе гузоштааст. Хурсандиовар он аст, ки имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаанд. Эҳсос мегардад, ки ҳар шахс мехоҳад аз нозукиҳои ҳунаре воқиф бошад. Замоне буд, ки мардум аз маҳв шудан ва ё аз хатари фаромӯшшавии ин ё он ҳунари мардумӣ дар ташвиш буданд. Шахсоне ҳам пайдо мешуданд, ки бо дарназардошти рушди босуръати технологияи муосир, баъзе аз ҳунарҳои мардумиро барои замони имрӯза нолозим ва ғайриқобили қабул меҳисобиданд. Қисмати дигаре дар ҳузури хориҷиён аз муаррифии маҳсули чунин ҳунарҳо шарм мекарданд. Аммо таҷрибаи ғанӣ ва муҳаббат ба фарҳангу тамаддуни миллат, эҳтироми хосса ба заҳмати косибону ҳунармандон ва ҳунарҳои мардумӣ доштаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои ин қабил одамонро ботил ва беасос гардонид. Имрӯз косибону ҳунармандони тоҷикистонӣ бар пояи ғамхориву дастгириҳои Сарварашон метавонанд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ низ муаррифӣ намуда, ҳамчунин маҳсулоти ҷолиби таваҷҷуҳ пешкаши ҷаҳониён гардонанд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки замоне фаро расидааст, ки ҳунармандон ба майдони ҳунар бароянду ҳунарҳои мардумиеро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буданд, эҳё намоянд. Аз таҷрибаи гузаштагони худ истифода бурда, намунаи ҳунарҳоеро, ки аз давраҳои қадим ба мо мерос мондаанд, ба талаботи имрӯз мутобиқ намуда, ба аҳли ҷомеа пешкаш намоянд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҳунарманд ҳеҷ гоҳ ба касе муҳтоҷ нашудаву ба хони касе рӯ намеорад. Зимнан, навиштаҳои пандомези Саъдии бузургвор пеши назар меояд, ки мегӯяд: «Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад луқма чинад ва сахтӣ бинад».
Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии Ҳукумати мамлакат аз «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардани солҳои 2019-2021 ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботӣ муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва дар ҳар як деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин мебошад. Вобаста ба ин, ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи ....

    Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари ....

    28.05.2020 08:48
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика