Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷавонон-ояндасозони миллат

1002

Тоҷикистон аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷонони Тоҷмкистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доира таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буд.
Ин иқдоми наҷиб ҷавонони кишвари моро ба фаъолиятҳои бештар ва иқдомоти шоиста баҳри рушду нумӯи Ватани худ таҳрик дод, ки аз оғози соли 2017 то инҷониб дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайваст. Зеро таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ҳар яки онҳоро водор менамуд, ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани худ саъю талоши бештар намоянд. Тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми декабри соли 2016 зикр гардида буд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Ҳамин аст, ки ҳоло ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар сафи пеши ҷамъият қарор доранд. Бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ онҳо баҳри Ватани худ ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва хушбахтию саодати халқ саъю кӯшиш доранд. Имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаву саиди миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҷавон иқдом гирифтаанд, ки дар рушду ободонии гӯшаҳои диёр саҳми босазо гузоранд. Тавре ҳамагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма иттилоъ дорем дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони ба ору номуси кишвар иншооту корхонаҳои мухталифи хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, барои даҳҳо тан сокинон ҷойҳои корӣ фароҳам мегарданд.
Боиси хушнудист, ки дар баробари илму донишандӯзӣ ва фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ насли ҷавонро дар ҳайати маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ низ мебинем. Дар сафи чунин маҳфилҳои сатҳи ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷавононро мебинем, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, аз ҷумла дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд. Имрӯз баръало эҳсос мегардад, ки ҷавонон дар масири пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувор мегузоранд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр карда шуд, ки: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».
Феълан, ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтиҳор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд.
Аз ин лиҳоз, дар арафаи рӯзи ҷавонон ҳар яки фарзандони барӯманди Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, барои кору пайкори ояндаашон дар роҳи пуршарафи хизмат ба Ватан-Модар муваффақиятҳои беназир таманно дорем!
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи ....

    Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари ....

    28.05.2020 08:48
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика