Бовариву эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хусус милитсия таи чанд соли охир боз ҳам вусъат ёфтаву саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноят назаррас арзёбӣ карда мешавад.
Санаи 12-уми ноябри соли 2019 тибқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар, кормандони милитсия ва аъзоёни Шӯро бо аҳолии шаҳраки Панҷ ва сокинони ҷамоати деҳоти К.Сайфиддин, оид ба фаҳмонидани рафти ислоҳоти милитсия, доир ба амалисозии “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ сардори Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон майори милитсия Амридинзода Ҷумахон, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия Лоҳутӣ Шоназаров, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ подполковники милитсия Табарзода Давлат, раисони ҷамоатҳо ва шахсони фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия Лоҳутӣ Шоназаров доир ба нақшаву дурнамо ва фаъолияти Шӯро изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки барои дар амал татбиқ гардонидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони милитсия, алалхусус нозирони тартиботи ҷамъиятӣ бояд бо аъзоёни Шӯро ва аҳолӣ ҳамкориро зич намоянд. Инчунин дар мавзӯи "Тақвият додани муқовимат ба савдои одамон ва ҳифзи муҳоҷирони осебпазир дар Осиёи Марказӣ дар доираи чолишҳои минтақавӣ" суханронӣ намуд.
Сардори ШМЗГҒММ РВКД дар вилояти Хатлон майори милитсия Амридинзода Ҷумахон ба сухан баромада, зикр намуд, ки шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва иштироки бархе нафарони гумроҳ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор мераванд, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Ва ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба хотири сулҳу амният дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо бетараф набошад.
Муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ подполковники милитсия Табарзода Давлат, дар рафти вохӯрӣ оиди ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, хусусан густариш додани институтҳои дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти хизматӣ баромад намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён ба фаъолони ҷомеа, раисони деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сӯҳбати озоду самимӣ ороста, ақида ва мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгароро бо истифода аз далелҳо ба таври возеҳ ва равшан фаҳмонида, доир ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир, ки зуҳуроти навину нангинро ба бор овардааст, ибрози андеша намуданд.
Офоқ Кодириён
Тақвият ёфтани робита бо ҷомеа

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 37-солаи сокини ....
Дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сардори шуъба ....
Пешгирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта, тарбияи ҷавонон дар ....
Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар ....
Имрӯз (06.12.с.2019), тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилӣ дар ....
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 22-солаи ....
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ....
Рӯзи 5-уми декабри соли 2019, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....
Рӯзи 5-уми декабри соли 2019 бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои ....
Рӯзи 5-уми декабри соли 2019 дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси ....
Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....
Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....
Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....
Рӯзи 31-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....
Рӯзи панҷшанбе дар Нидерландия қонуне, ки пӯшидани либоси пинҳониро маҳдуд мекунад, эътибор пайдо кард. Бино бар иттилои АМИТ «Ховар», хабаргузории «Казинформ» бо такя ба NL Times хабар додааст. Аз имрӯз либосе, ки рӯйро ба пуррагӣ мепушонад дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.Ин манъкунӣ ҳам ба фаранҷӣ ё ниқоб ва ҳам ба рӯпуш ва кулоҳҳои мотосиклронҳо, ки рӯйро комилан пинҳон мекунад, тааллуқ дорад. Агар шахс бо ....>>>
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>