Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа

388Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту чинояткорӣ муҳим арзёби гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таи чанд соли охир бовариву эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хусус милитсия боз ҳам вусъат ёфта, саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноят назаррас аст. Кормандони милитсия пайваста вохӯрию чорабиниҳои фаҳмондаҳиро бо мардум доир менамоянд. Чанд муддат мешавад, ки бо супориши роҳбарияти ВКД кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ниҳодҳои он дар ноҳияҳо, дар маҳаллаҳо ва дар масҷидҳо бо мардум вохӯрӣ доир намуда истодаанд. 

Дар ин вохӯриҳо як қатор кормандони пуртаҷрибаи Хадамоти мазкур баромад намуда, оид ба татбиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва зуҳур кардани ҳаргуна касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ СПИД) ва пешгирии ғарқшавии ноболиғон бори дигар таъкид намуданд.

Ҳангоми сӯҳбату вохӯриҳо қайд гардид, ки иҷроиши қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гиранд. Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят кардан метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои насли наврас ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо ин насли ояндасоз ва аҳли ҷамоатчигӣ бояд бештар ба роҳ монда шавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Дилшод ХОЛОВ,
Гурӯҳи матбуоти ХПҲНҶ ВКД.




Рӯйдодҳо

  • Боздошти марди 27-сола бо гумони захмӣ намудани ду нафар бо ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.01.2021 10:42
  • Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.01.2021 10:41
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи тамғаи «Лексус-450»

    Рӯзи 15-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2021 10:39
  • Вохӯрии мақсаднок дар қисми низомии 5453

    Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    15.01.2021 14:46
  • Сардии ҳарорати ҳаво - омили афзудани ҳодисаҳои сӯхтор

    Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии ....

    15.01.2021 13:41
  • Ифшо гардидани ҳолатҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    15.01.2021 10:48
  • Муайян гардидани амалҳои мардумфиребӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    15.01.2021 10:44
  • Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2021 10:42
  • Боздошти ду зан бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    15.01.2021 10:41
  • Расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бо корд

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    14.01.2021 10:09
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълони варзишӣ!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....

    09.01.2021 12:48
  • Баргузории озмуни "Тоҷикистон - хонаи ободи ман"

    Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    09.01.2021 12:27
  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика