Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи таътили тобистона

Таътили тобистонаи бачагон низ фаро расидааст. Барои бофароғат гузаштани таътили онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД чораю тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Агар бештари мактаббачагон рӯзҳои таътилашонро дар муҳити оила дар ҳалқаи хешу ақрабон ва пайвандонашон гузаронанд, бештари дигари онҳо бошад, таътилро дар фароғатгоҳҳову лагерҳои тобистона гузаронида, баъд аз истироҳат бо як нерӯю қувваи тоза боз ба мактаб бар мегарданд. 

Барои он, ки ин фасли зебо ба бачаҳо таассуроти хушу нек боқӣ гузорад, бояд масъулону мутассадиёни иншоотҳои мазкур назоратро аз болои бачаҳо дучанд намуда, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
Бо ҳамин мақсад бо супориши роҳбарияти ВКД ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар иншооти зикргардида, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда истодаанд.
Бино ба таҳлили мутахассисон яке аз сабабҳои сар задании ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон буда, ҳамасола аз 100% фисади сӯхторҳои ба вуқӯъ омада, 25% аз оташбозию гугирдбозии кӯдакон рух медиҳанд.
Аз ҳамин лиҳоз, эмин нигоҳ доштани фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳо, хусусан дар вақти таътили тобистона вазифаи ҳамагон мебошад.
Баҳри пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои ногувор чӣ бояд кард?
Нахуст, ҳар як корманди муассисае, ки дар ихтиёраш кӯдакон ҳастанд, вазифадор аст қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро донад ва қатъиян риоя намояд. Дигар, ҳангоми сар задани сӯхтор ҳамаи чорабиниҳо, ки барои наҷот додани одамон ва хомӯш кардани сӯхтор ба ӯ вобастааст, иҷро намояд.
Дар муассисаҳое, ки кӯдакон шабонарӯз сокин мебошанд, навбатдорӣ ташкил кардан лозим аст. Навбатдор бояд чароғи барқии дастӣ дошта бошад ва дар ҳолати зарурӣ аз он исифода бурда тавонад. Сари ҳар чанд вақт дониш ва вазифаи навбатчиёнро санҷидан лозим аст.
Биноҳҳо бояд бо олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда ва алоқа таъмин бошанду дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шаванд. Ба шахсони навкор дар бораи риояи чорабиниҳои бехатарӣ аз сӯхтор, даъват намудани гурӯҳи оташнишонҳо дастур додан лозим аст. Онҳо инчунин бояд воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро истифода бурда тавонанд.
Гирду атрофи муассиса, роҳҳо ва гузаргоҳҳоро банд кардан мумкин нест. Муассисаҳои истироҳатӣ бояд бо об таъмин бошанд. Агар қубури обии зиддисӯхтор набошад, ҳавзҳои табиӣ ё обанборҳои сунъии ҳаҷмашон камаш 50 метри куббӣ сохтан лозим аст.
Фосилаи байни катҳои хобгоҳҳои истироҳатӣ бояд камаш 0,8 м, барои гузаргоҳи марказӣ камаш 1,2м бошад. Лавозимот бояд роҳрав ва гузаргоҳҳоро банд накунонад.
Дарҳои баромадгоҳҳои эҳтиётӣ бояд озод ва осон кушода шаванд, чунин роҳҳоро мехзада, маҳкам кардан қатъиян манъ аст.
Калидҳои хонаҳои муҳим бояд дар ҷойҳои муайян, ки ҳангоми зарурат фавран гирифтан мумкин аст, нигоҳ дошта шаванд. Қисмҳои чӯбини чортоқу рафҳо ва гӯшаҳо бояд бо хокаи ба оташ тобоварандаи махсус коркард карда шаванд.
Бояд роҳбарон ва кормандони масъули лагерҳои мактаббачагон (лагерҳои назди мактабӣ) бо телефонҳо таъмин карда шуда, ҳаррӯза алоқаи доимӣ бо Хадамоти оташнишонӣ дошта бошанд. Биноҳои дуошёнаи фаъолият дошта бошанд, дар ин биноҳо кӯдакони хурдсолро дар ошёнаи дуюми биноҳои дуошёна ҷойгир кардан манъ аст.
Дар биноҳҳои муассисаҳои бачагон ва профилактикию-табобатӣ кафшергарӣ ва дигар корҳои ба оташ вобаста танҳо бо иҷозати роҳбарони ин муассисаҳо ё шахсоне, ки ба ҷои онҳо кор мекунанд, мумкин аст. Корҳои кафшеркуниро бояд мутахассисони баландихтисос бо шарти риояи ҳамаи чораҳои зарурӣ ва бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ таъмин кардани ҷои кор иҷро намоянд.
Барои хомӯш кардани сӯхтор дар хонаҳои истироҳатии кӯдакон ва бӯстонсароҳое, ки дар деҳаҳо ҷойгиранд, бояд дар ихтиёрашон ҳатман мотопомпа ё насосҳои доимии сӯхторхомӯшкунӣ дошта бошанд. Нигоҳубини мотопомпа ва насосҳо ба зиммаи шахсони масъул, ки қоидаи бо он коркарданро омӯхтаанд, бояд гузошта шавад. Барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва ғайра истифода бурдани воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва асбобҳои зиддисӯхтор қатъиян манъ аст.
Танҳо дар ин ҳолат, мо истироҳати бофароғати фарзандонамонро ба пуррагӣ таъмин намуда метавонем.
Хотирасон мешавем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти оташнишонӣ ба телефони = 01= (аз телефонҳои мобилӣ=101) занг задан зарур аст.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ.




Рӯйдодҳо

  • Милитсия - ҳомии ҷомеа

    Пешрафти ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ....

    17.06.2019 10:54
  • Дуздии молу ашёҳои рӯзгор аз дохили хона

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    17.06.2019 09:24
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар рӯзҳои 15-16-уми июн

    Рӯзи 15-уми июни соли 2019, тахминан соати 19:00, ронандаи мототсикли ....

    17.06.2019 09:19
  • Куштори ноболиғ дар натиҷаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи ....

    15.06.2019 08:23
  • Ҷиноят пинҳон намемонад

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    14.06.2019 09:30
  • Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 ....

    14.06.2019 09:22
  • Ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Шаҳритус

    Рӯзи 13-уми июни соли 2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, хурдсол Абдураҳмони ....

    14.06.2019 09:20
  • Амалиёти «Бачаҳо» дар миқёси ВМКБ

    Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ....

    13.06.2019 16:50
  • Тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ

    Дар толори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри ....

    13.06.2019 16:43
  • Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода ....

    Бо меҳнат ва дастранҷи худ аз роҳи ҳалол ба даст ....

    13.06.2019 10:01
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ....

    10.06.2019 11:39
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    04.06.2019 12:22
  • РБДА хабар медиҳад!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    29.05.2019 16:16
  • Эълон!!!

    Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    27.05.2019 14:38
  • 20.05.2019 16:19
  • ЭЪЛОН!!!

    Рӯзҳои 16-18-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи ....

    15.05.2019 14:59
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonuno

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика