Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Қадршиносии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

578

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат пайваста бо баргузории чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузорӣ менамояд Ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иқдомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти баргузории суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону наврасон баҳри пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ дастгирӣ менамояд.

579

Донишҷӯёни мо ҳамчун пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндагони кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар ободии Ватани азизамон ҳиссагузор бошанд. Онҳо бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ҳамсолони хешро ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рӯ овардан ба илму дониш даъват намоянд, - иброз намуд ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни вохӯрие, ки Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ (ХПҲНҶ) ва аъзои фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо донишҷӯёну устодони ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир намуданд.
Дар идома сардори ХПҲНҶ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор мақсади вохӯриро шарҳ дода, аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҷавонону наврасон аз кирдорҳои ношоиста, мубориза бо хатарҳои замони муосир ва бо роҳи рост раҳнамун сохтани насли созандаву ободкор изҳори андеша намуд.
Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Фирӯз Қодиров ба сухан баромада, аз саҳму дастгирии раёсати ин донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳо байни ҷавонон, «Аксияи соҳил», маҳфилҳои фарҳангиву мулоқотҳои судманд зимни сафарҳои гурӯҳи ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби ВКД роҳандозӣ гардид, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ҳамсолони хешро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ даъват намуд.

580581

Дар анҷоми чорабинӣ сардори ХПҲНҶ А.Фаттозода барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ба ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ медал «Барои ҳамкорӣ» супорид. Ҳамзамон, якчанд устодону донишҷӯёни фаъоли ин муассисаи таълимиро бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонид.
Инчунин, аз ҷониби ректори ДДМИТ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ «Ифтихорнома»-ҳо тақдим карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» аз дастовардҳои илмиву варзишии донишҷӯёни ДДМИТ дидан намуда, ба онҳо муваффақияту комёбиҳо таманно намуданд.

Абдулло ШОҲИЁН,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Рӯйдодҳо

  • Милитсия - ҳомии ҷомеа

    Пешрафти ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ....

    17.06.2019 10:54
  • Дуздии молу ашёҳои рӯзгор аз дохили хона

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур ....

    17.06.2019 09:24
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар рӯзҳои 15-16-уми июн

    Рӯзи 15-уми июни соли 2019, тахминан соати 19:00, ронандаи мототсикли ....

    17.06.2019 09:19
  • Куштори ноболиғ дар натиҷаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи ....

    15.06.2019 08:23
  • Ҷиноят пинҳон намемонад

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    14.06.2019 09:30
  • Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 ....

    14.06.2019 09:22
  • Ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Шаҳритус

    Рӯзи 13-уми июни соли 2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, хурдсол Абдураҳмони ....

    14.06.2019 09:20
  • Амалиёти «Бачаҳо» дар миқёси ВМКБ

    Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ....

    13.06.2019 16:50
  • Тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ

    Дар толори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри ....

    13.06.2019 16:43
  • Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода ....

    Бо меҳнат ва дастранҷи худ аз роҳи ҳалол ба даст ....

    13.06.2019 10:01
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ....

    10.06.2019 11:39
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    04.06.2019 12:22
  • РБДА хабар медиҳад!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    29.05.2019 16:16
  • Эълон!!!

    Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    27.05.2019 14:38
  • 20.05.2019 16:19
  • ЭЪЛОН!!!

    Рӯзҳои 16-18-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи ....

    15.05.2019 14:59
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonuno

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика