Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…

406

Роҳбарони фарзонаи ду кишвари баҳам дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам оварданд, ки дӯстии ин ду миллат аз нав густариш ёбад. Бардоштани монеаҳо ва аз нав барқарор кардани рафту омоди озодонаи шаҳрвандан ба ҳарду ҷониб имкон медиҳад, ки тоҷикону ӯзбекон ду миллати ба ҳам дӯсту бародар, ки аз дуриҳои таърих расму ойин ва анъанаҳои муштарак доштанд боз муносибатҳои худро қавитар гардонанд.
Имрӯзҳо рафту омоди шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо майлу хоҳиши онҳо озодона сурат мегирад. Ҳукумати ҳарду ҷумҳурӣ шароит фароҳам овардаанд, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ байни ду миллат рушд намояд. Қавитар гаштани дӯстии ду миллат то андозае ба шаҳрвандони ҳарду кишвар вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳама риояи қонунҳои амалкунандаи давлатҳо ва эҳтиром ба расму оин ва урфу одати миллатҳо ҳангоми сафар ба ҷонибҳо заминаи воқеии таҳкими дӯстиро мегузорад. Бо ҳамин мақсад кормандони МКД дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба шаҳрвандони азми сафар дошта суҳбатҳои тавсиявӣ мегузаронанд, ки ба мақсад мувофиқ аст.

407

Бозрасии давлатии автомобилӣ яке аз сохторҳои таркибии ВКД аст, ки хизмати берунаро ба уҳда дошта кормандони он нисбат ба дигар хадамотҳои мақомот аз ҳама бештар бо шаҳрвандон рӯ ба рӯ мешаванд. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони азми сафар дошта аз ҷониби ин бахши мақомоти корҳои дохилӣ ҳадафрас аст. Ҳамингуна як хизматбарии масъулини бозрасии давлатии автомобилӣ дар гузаргоҳи Патари шаҳри Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза нозирони БДА ба ин минтақа сафарбар гардида шаҳрвандонро, ки аз барқароршавии муносибатҳои ду ҳамсоякишвар Тоҷикистону Ӯзбекистон хушҳол ҳастанд ба риояи қонун ва маданиятнокӣ ҳангоми қарор доштан дар хориҷи кишвар дастур медиҳанд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Баргузории ҳамоиши илмии “Пешвои миллат нахустин фарди ваҳдатовар” бахшида ба ....

    Ба ифтихори тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати ....

    29.06.2022 17:13
  • Хатлон: Марҳилаи якуми амалиёти "Нелегал-2022"

    Мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи дастаҷамъи оид ба ....

    29.06.2022 16:21
  • Дастгир гардидани зани 29 сола бо ҷурми дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 38-солаи сокини ....

    29.06.2022 13:17
  • Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти шиносномадорӣ дар шаҳри Истаравшан

    Бо мақсади ба аҳоли фаҳмонидани қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ....

    28.06.2022 11:11
  • Бо роҳи фиреб аз худ намудани маблағи пуллӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    28.06.2022 10:31
  • Садамаи нақлиётӣ боиси марги ронанда ва мусофир гардид.

    27-уми июни соли 2022, тахминан соатҳои 08:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    28.06.2022 10:30
  • Куштори зани 32-сола аз ҷониби шавҳар

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи ....

    27.06.2022 09:54
  • Ҳалокати ду нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ

    23-юми июни соли 2022, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    25.06.2022 10:09
  • Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол мегирем!

    Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни ....

    25.06.2022 10:05
  • Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 17-сола

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, бо ариза марди 33-солаи сокини ....

    24.06.2022 14:50
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Диққат! Амалиёти "Бачаҳо"

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....

    24.05.2022 11:00
  • Э ъ л о н!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....

    24.09.2021 17:41
  • Эълон!

    Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....

    11.09.2021 14:48
  • 

      Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    qonun1006

    © 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика