Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таҳқири нозири роҳ аз ҷониби ронанда

172

Дар шабакаҳои интернетӣ наворе нашр шудааст, ки дар он лаҳзаи баҳси тунд ва гиребонгирии як ронанда бо корманд БДА сабт шудааст. Дар навори нашршуда бараъло дида мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи ба истилоҳ «Тангем» ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ҳамзамон дар назди дигар шаҳрвандон намояндагони ҳокимиятро, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ қарор доштанд, таҳқир ва дашномҳои қабеҳ намудааст.

Ин баҳси тунду гиребонгирии ронанда бо корманди БДА дар шабакаҳои интернетӣ баҳси гармеро ба миён овард. Вобаста ба ин милитисяи пойтахт ба таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки ронандаи автомашинаи дар навор инъикосгардидаи тамғаи «Хафей»(Тангем), рақами қайди давлатиаш 1956 ВЕ 03, шаҳрванд Наҷимов Сироҷиддин Маҳманемонович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мебошад.
Номбурда санаи 19-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 13:40 дақиқа, ҳангоми ҳаракат аз самти боғи ба номи С.Айнӣ ба самти майдони Сарҳадчиён, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт манъ карда шуда, ҳангоми талаб кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, илова бар ин онҳоро таҳқиру дашном ва шаъну шарафашонро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст.
Барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбати ронандаи автомашинаи мазкур, бо моддаи 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Илова бар ин, барои рафторҳои дағалона ва дашному таҳқири кормандони милитсия шаҳрванд Наҷимов Сироҷиддин Маҳманемонович боздошт гардида, нисбаташ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ санаи 27-уми феврали соли равон бо моддаи 330 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан, ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ғоратгарӣ тавассути селофани полиэтиленӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 62-солаи сокини ....

    20.02.2020 10:19
  • Бо корд захмӣ намудани марди 30-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи ....

    20.02.2020 10:15
  • Дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ аз мағоза

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи ....

    20.02.2020 10:11
  • Ошкор шудани силсилақалобиҳои алоқаманд бо харидуфӯруши воситаҳои нақлиёт

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    20.02.2020 10:09
  • Робита ва ҳамкории кормандони милитсия бо ҷавонону донишҷӯён

    Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ баҳри ....

    19.02.2020 11:19
  • Машқи оташнишонӣ дар анбори нафт

    Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба таъмини вазъи бехатарӣ ....

    19.02.2020 11:10
  • Мусобиқаи вазнбардорӣ дар байни оташнишонон

    Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми ....

    19.02.2020 11:05
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 21-солаи сокини ....

    19.02.2020 11:00
  • Бо роҳи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    18.02.2020 11:31
  • Ошкор шудани дуздии 8-адад телевизор

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи шаҳрванди ....

    18.02.2020 11:29
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика