Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вазифаи холӣ

Қоидаҳои қабул ба кор

Мутобиқи банди 9 «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ» ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 35 сола мебошанд, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, таҳсилот, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ё доштани билети дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
Мутобиқи банди 10 Низомномаи мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда намешаванд:

  1. шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд (сарфи назар аз муҳлати адои ҷазо, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд);
  2. мувофиқат накардан бо шартҳое, ки дар банди 9 ин Низомнома  пешбинӣ шудааст;
  3. мавҷуд будан ва эътибори қонунӣ доштани ҳукми суд оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ);
  4. вуҷуд доштани тасдиқи хулосаи муассисаи тиббӣ оид ба беморие, ки барои адои вазифаҳои хизматӣ монеъ шуда метавонад;
  5. саркашӣ намудан аз тафтишоти махсус ва барасмият даровардани иҷозатнома барои кор бурдан бо маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумотҳои аз тарафи қонун ҳифзшаванда;
  6. мавҷудияти хешии наздик ё қудогӣ (волидайн, бародарон, ҳамсарон, хоҳарон, писарон, духтарон, инчунин бародару хоҳарони волидайн ва фарзандони ҳамсарон) бо корманд, агар хизмати онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ бо тобеият ва таҳти назорати бевосита будани яке ба дигаре алоқаманд бошад;
  7. мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷозат ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси ризоияти дуҷониба бо созишномаҳои байнидавлатӣ ба танзим дароварда шуда бошад;
  8. саркашӣ намудан аз гузаштани қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»;
  9. дар бораи худ ва хешовандон ба дастгоҳи кадрҳо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои баръало бардурӯғ;
  10. бо қарори  эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд ғайри қобили амал ё маҳдудан қобили амал дониста шудани шаҳрванд;
  11. саркашӣ аз супоридани меъёрҳо доир ба тайёрии ҷисмонӣ ё номувофиқии натиҷаҳои санҷишӣ ба меъёрҳои муқарраршуда.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда

Ҳангоми дохил шудан барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. аризаи шахсӣ;
  2. ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
  3. дафтарчаи меҳнатӣ;
  4. ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот;
  5. ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои уҳдадории ҳарбӣ (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд).

Вазифаҳои холӣ
Вазифаҳои холӣ асосан дар самти тиббӣ ва молия мавҷуд мебошанд, ки номгӯи он пешниҳод карда мешавад.

Раёсати тиббии ВКД
1.

Духтури касалиҳои дарунии Дармонгоҳ

2.

Духтури ташхисҳои рентгении шуъбачаи ташхиси Дармонгоҳ

3.

Духтури ҷарроҳи Шуъбаи тиббӣ дар вилояти Хатлон

4.

Духтури ҷарроҳи Шуъбаи тиббӣ дар вилояти Хатлон

5.

Духтури гушу бинӣ ва гулӯи Шуъбаи тиббӣ дар в.Суғд

6.

Духтури касалиҳои рӯҳии Шуъбаи тиббӣ дар вилояти Суғд

Дар самти иқтисодӣ

1.

Муҳандис-иқтисодчии калони ГМ ШВКД дар ш.Гулистон

2.

Муҳандис-иқтисодчии калони ГИ ШВКД дар н.Қабодиён

3.

Сардори гурӯҳи молиявии ШВКД дар ш.Турсунзода

Хоҳишмандон метавонанд аризаҳои худро тариқи почтаҳои электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.
Телефон барои маълумот: (+992 37) 223-03-16 Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Икромӣ-29.


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Робита ва ҳамкории кормандони милитсия бо ҷавонону донишҷӯён

    Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ баҳри ....

    19.02.2020 11:19
  • Машқи оташнишонӣ дар анбори нафт

    Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба таъмини вазъи бехатарӣ ....

    19.02.2020 11:10
  • Мусобиқаи вазнбардорӣ дар байни оташнишонон

    Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми ....

    19.02.2020 11:05
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 21-солаи сокини ....

    19.02.2020 11:00
  • Бо роҳи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    18.02.2020 11:31
  • Ошкор шудани дуздии 8-адад телевизор

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи шаҳрванди ....

    18.02.2020 11:29
  • Ҷавонони фаъол қадрдонӣ гардиданд

    Рӯзи 17-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Левакант вохӯрии кормандони ....

    17.02.2020 17:03
  • Хуҷа Каримов дастгир гардид

    Шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович (Хуҷа-командир) санаи 1-уми октябри соли 1960 ....

    17.02.2020 16:49
  • Иди Артиши миллӣ муборак!

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд ....

    17.02.2020 10:41
  • Дуздии маблағ бо роҳи шикастани шишаи тиреза

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 27-солаи ....

    17.02.2020 10:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика