Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Раҳимзода Рамазон Ҳамро - генерал-полковники милитсия. 25-уми апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба ӯҳда дошт.

Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.

Соли 2005 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намудааст.

Моҳи апрели соли 2008 Раҳимзода Рамазон Ҳамро мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Баъди як соли фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо унвон ва мукофотҳои давлатии зерин сарфароз гардидааст:

- Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001;

- номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот, соли 2001;

- ордени «Спитамен», дараҷаи 1, соли 2004;

- ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

- корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;

- «аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон», соли 2013; 

- ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2, соли 2013;

- аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ. (член - корреспондент  Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности), соли 2012.

Ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012, Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

20 ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа намуда истодааст.




Рӯйдодҳо

  • Семинар-машварат дар самти пешбурди тафтиши пешакӣ

    Рӯзи 12 декабр тибқи нақшаи Раёсати тафтишотии ВКД дар маҷлисгоҳи ....

    12.12.2019 16:41
  • Чорабинӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сӯхтор дар шаҳри Бохтар

    Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ....

    12.12.2019 16:25
  • Таҳким ёфтани робитаву ҳамкории кормандони милитсия бо ҷавонон

    Ташкилу гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои мақсаднок бо донишҷӯён робитаву ....

    12.12.2019 13:52
  • Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    12.12.2019 09:54
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

    Рӯзи 11-уми декабри соли 2019, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    12.12.2019 09:52
  • Вохӯрии судманд бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва ....

    Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    11.12.2019 15:56
  • Вохӯрии кормандони милитсия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи ....

    Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар тасмим гирифтааст, ки дар самти ....

    11.12.2019 15:22
  • Анҷумани ҷавонони фаъол дар вилояти Хатлон

    Рӯзи 10-уми декабри соли 2019  дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати ....

    10.12.2019 16:36
  • Ғайриқонунӣ ронда бурдани автомашина

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 38-солаи сокини шаҳри ....

    10.12.2019 09:04
  • Дарёфт ва мусодираи маводҳои тарфгарии “Трения” ва “Хлопушка”

    Рӯзи 9-уми декабри соли 2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ....

    10.12.2019 08:59
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • Эълон оид ба баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ

    Рӯзи 31-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули ....

    24.09.2019 14:19
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    28.08.2019 15:04
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Рӯзи панҷшанбе дар Нидерландия қонуне, ки пӯшидани либоси пинҳониро маҳдуд мекунад, эътибор пайдо кард. Бино бар иттилои АМИТ «Ховар», хабаргузории «Казинформ» бо такя ба NL Times хабар додааст. Аз имрӯз либосе, ки рӯйро ба пуррагӣ мепушонад дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.Ин манъкунӣ ҳам ба фаранҷӣ ё ниқоб ва ҳам ба рӯпуш ва кулоҳҳои мотосиклронҳо, ки рӯйро комилан пинҳон мекунад, тааллуқ дорад. Агар шахс бо ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonuni

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика